12. Адади ирратсионалӣ. Ададҳои ҳақиқӣ - Алгебра — синфи 8
Диагонали квадрат
Дар банди пешина нишон додем, ки ҳар гуна адади ратсионалиро дар шакли касри даврии беохир навиштан мумкин аст ва баръакс, ҳар гуна касри даврии беохир адади ратсионалӣ мебошад. Пурсида мешавад, ки оё бо ҳамин, яъне бо ададҳои ратсионалӣ, тамоми ададҳои мавҷуда ба итмом мерасанд? Нишон медиҳем, ки вазъ ин тавр нест. Бо ибораи дигар, ададе вуҷуд дорад, ки вай ратсионалӣ намебошад. Ин ададро мушаххас нишон медиҳем.
Бигзор A C AC A C диагонали квадрати воҳидии A B C D ABCD A BC D аст (Расми 1). Бар A C AC A C ҳамчун тараф квадрати нави A C E F ACEF A CEF -ро месозем. Масоҳати квадрати сохташуда ба 2 2 2 воҳид баробар аст: диагоналҳои он дар нуқтаи мебуранд ва квадратро ба чор секунҷаи рости якхела ҷудо мекунанд (ҳар яке ба секунҷаи баробар аст, ки масоҳаташ нисфи квадрати воҳидист, яъне пас масоҳати умумӣ
навбатӣ 13. Мафҳуми решаи квадратӣ 1 соат
D
4 ⋅ 1 2 = 2. 4 \cdot \dfrac{1}{2} = 2. 4 ⋅ 2 1 = 2. Азбаски масоҳати квадрат ба квадрати тарафаш баробар аст, пас дарозии диагонали A C = d AC = d A C = d ададест, ки квадраташ ба 2 2 2 баробар мебошад: d 2 = 2. d^2 = 2. d 2 = 2.
Барои исбот ба мо як факти ёридиҳанда лозим аст.
Исботи лемма. Баръаксашро фарз мекунем: m 2 m^2 m 2 ҷуфт, вале m m m тоқ аст. Он гоҳ чунин адади бутуни k k k ёфт мешавад, ки m = 2 k + 1. m = 2k + 1. m = 2 k + 1. Аз ин ҷо
m 2 = ( 2 k + 1 ) 2 = 4 k 2 + 4 k + 1. m^2 = (2k + 1)^2 = 4k^2 + 4k + 1. m 2 = ( 2 k + 1 ) 2 = 4 k 2 + 4 k + 1. Ададҳои 4 k 2 4k^2 4 k 2 ва 4 k 4k 4 k ҷуфтанд, ҳосили ҷамъи онҳо низ адади ҷуфт мебошад. Ҷамъи адади ҷуфт ва воҳид бошад, адади тоқ аст. Пас, m 2 m^2 m 2 тоқ аст. Ин ба ҷуфт будани m 2 m^2 m 2 зид аст. Ҳамин тариқ, аз ҷуфт будани m 2 m^2 m 2 ҷуфтии m m m бармеояд. □ \square □
Исботи теорема. Баръаксашро фарз мекунем, яъне A C = d AC = d A C = d -ро ратсионалӣ ҳисоб менамоем:
d = m n , d = \dfrac{m}{n}, d = n m , ки дар ин ҷо m m m адади бутун, n n n натуралӣ ва каср ихтисорнашаванда аст.
Ададҳои ирратсионалӣ ва ҳақиқӣ Аз теоремаи исботшуда ва аз банди 11 бармеояд, ки дарозии диагонали квадрати воҳидӣ касри даҳии даврӣ нест. Вай касри даҳии беохири мусбати ғайридаврӣ мебошад. Агар ба чунин касрҳо, касрҳои ба онҳо муқобилро ҳамроҳ намоем, маҷмуеро ҳосил мекунем, ки он маҷмуи ададҳои ирратсионалӣ ном дорад (префикси «ир» маънои инкорро дорад). Ин маҷмуъ бо ҳарфи I \mathbb{I} I (ҳарфи аввали калимаи irratio ) ишорат мешавад. Ҳамин тариқ, ҳар гуна адади ба I \mathbb{I} I мутааллиқ касри даҳии беохир буда, ҳамчун нисбати ду адади бутун ифода намешавад.
Мо аллакай якто адади ирратсионалиро медонем (дарозии диагонали квадрати воҳидӣ). Боз мисолҳои ададҳои ирратсионалиро меорем:
2,010010001 … 2{,}010010001\ldots 2 , 010010001 … (воҳидҳо паси ҳам бо як, ду, се ва ҳоказо сифрҳо аз ҳам ҷудоанд);
− 4,030033000333 … -4{,}030033000333\ldots − 4 , 030033000333 … (миқдори сифрҳо ва сеҳо ҳар дафъа як воҳид меафзояд);
5,12112111211112 … 5{,}12112111211112\ldots 5 , 12112111211112 … (миқдори якҳо ҳар бор як воҳид зиёд мешавад);
адади π \pi π («пи»), ки нисбати дарозии давраро бар диаметраш ифода менамояд: π = 3,1415926535 … \pi = 3{,}1415926535\ldots π = 3 , 1415926535 …
Акнун маҷмуеро муоина менамоем, ки ҳар як адади он ратсионалӣ ё ирратсионалӣ аст. Ин маҷмуъро маҷмуи ададҳои ҳақиқӣ меноманд ва бо R \mathbb{R} R (ҳарфи аввали калимаи англисии real ) ишорат мекунанд. Маҷмуи R \mathbb{R} R бо тири ададӣ якхела аст, яъне R \mathbb{R} R воқеан тамоми ададҳоро дар бар мегирад ва ҳар гуна ададро аз R \mathbb{R} R бо ёрии касрҳои даҳии беохир (даврӣ ё ғайридаврӣ) ифода кардан мумкин аст.
Муқоисаи ададҳои ҳақиқӣ. Қоидаи муқоисаи ададҳои ҳақиқӣ бо қоидаи муқоисаи касрҳои даҳии охирнок якхела аст: рақамҳоро аз чап ба рост якбаяк муқоиса мекунем. Барои мисол ададҳои 2,5653216 … 2{,}5653216\ldots 2 , 5653216 … ва 2,541132 … 2{,}541132\ldots 2 , 541132 … -ро муқоиса мекунем. Дар ин касрҳо қисмҳои бутун ва рақамҳои даҳякӣ якхела буда, дар разряди садякии касри якум миқдори воҳидҳо назар ба миқдори воҳидҳои дар ҳамин разряд буда касри дуюм зиёд мебошад. Бинобар ҳамин
2,5653216 … > 2,541132 … 2{,}5653216\ldots > 2{,}541132\ldots 2 , 5653216 … > 2 , 541132 … Ададҳои ҳақиқиро ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим (ҳангоми сифр набудани тақсимкунанда) кардан мумкин аст. Хосиятҳои амалҳо бо ададҳои ҳақиқӣ бо хосиятҳои амалҳо бо ададҳои ратсионалӣ якхелаанд. Саҳеҳии натиҷаи амалҳо ба саҳеҳие, ки бо он қиматҳои тақрибии ададҳо дода мешаванд, вобаста аст.
Мисоли 1. Суммаи ададҳои a = 1 6 a = \dfrac{1}{6} a = 6 1 ва b = 2,2121 … b = 2{,}2121\ldots b = 2 , 2121 … -ро муоина мекунем. Қиматҳои тақрибии ҷамъшавандаҳоро бо саҳеҳии то 0,1 0{,}1 0 , 1 мегирем: a + b ≈ 0,2 + 2,2 = 2,4 a + b \approx 0{,}2 + 2{,}2 = 2{,}4 a + b ≈ 0 , 2 + 2 , 2 = 2 , 4 (аз 1 6 = 0,1 ( 6 ) ≈ 0,2 \dfrac{1}{6} = 0{,}1(6) \approx 0{,}2 6 1 = 0 , 1 ( 6 ) ≈ 0 , 2 ва 2,2121 … ≈ 2,2 2{,}2121\ldots \approx 2{,}2 2 , 2121 … ≈ 2 , 2 ). Агар қиматҳои тақрибиро бо саҳеҳии то 0,01 0{,}01 0 , 01 гирем, a ≈ 0,17 a \approx 0{,}17 a ≈ 0 , 17 ва b ≈ 2,21 b \approx 2{,}21 b ≈ 2 , 21 мешавад ва a + b ≈ 0,17 + 2,21 = 2,38. a + b \approx 0{,}17 + 2{,}21 = 2{,}38. a + b ≈ 0 , 17 + 2 , 21 = 2 , 38. Саҳеҳии баландтар натиҷаи дурусттар медиҳад.
Мисоли 2. Радиуси давраеро, ки дарозиаш тақрибан 47,1 47{,}1 47 , 1 см аст, меёбем. Дарозии давра l l l бо формулаи l = 2 π r l = 2\pi r l = 2 π r ҳисоб карда мешавад. π ≈ 3,14 \pi \approx 3{,}14 π ≈ 3 , 14 гирифта, муодилаи тақрибии 47,1 = 2 ⋅ 3,14 ⋅ r 47{,}1 = 2 \cdot 3{,}14 \cdot r 47 , 1 = 2 ⋅ 3 , 14 ⋅ r -ро ҳосил мекунем. Аз ин ҷо
r = 47,1 2 ⋅ 3,14 = 47,1 6,28 ≈ 7,5 см . r = \dfrac{47{,}1}{2 \cdot 3{,}14} = \dfrac{47{,}1}{6{,}28} \approx 7{,}5 \text{ см}. r = 2 ⋅ 3 , 14 47 , 1 = 6 , 28 47 , 1 ≈ 7 , 5 см . Хотирнишон мекунем, ки дар ин ҷо адади π \pi π то садякӣ яклухт карда шудааст.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф 1. Оё тасдиқоти зерин дуруст аст:
а) ҳар як адади ратсионалӣ адади ҳақиқӣ аст;
б) ҳар як адади ҳақиқӣ адади ирратсионалӣ мебошад;
в) ҳар як адади ҳақиқӣ адади ратсионалӣ ё ирратсионалӣ аст?
2. Аз байни ададҳои 2 3 ; \dfrac{2}{3}; 3 2 ; 0 ; 0; 0 ; 0,32 ; 0{,}32; 0 , 32 ; − 4, ( 21 ) ; -4{,}(21); − 4 , ( 21 ) ; 2,23223222322223 … 2{,}23223222322223\ldots 2 , 23223222322223 … (миқдори дуиҳо, ки сеҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд, ҳар дафъа яктогӣ зиёд мешавад); 1, ( 4 ) ; 1{,}(4); 1 , ( 4 ) ; π ; \pi; π ; 16 16 16 ратсионалӣ ва ирратсионалиашонро нишон диҳед.
а) 263 ∈ N ; 263 \in \mathbb{N}; 263 ∈ N ; 263 ∈ Z ; 263 \in \mathbb{Z}; 263 ∈ Z ; 263 ∈ Q ; 263 \in \mathbb{Q}; 263 ∈ Q ; 263 ∈ R ; 263 \in \mathbb{R}; 263 ∈ R ;
б) − 4 ∈ N ; -4 \in \mathbb{N}; − 4 ∈ N ; − 4 ∈ Z ; -4 \in \mathbb{Z}; − 4 ∈ Z ; − 4 ∈ Q ; -4 \in \mathbb{Q}; − 4 ∈ Q ; − 4 ∈ R ; -4 \in \mathbb{R}; − 4 ∈
в) 2,6 ( 3 ) ∈ N ; 2{,}6(3) \in \mathbb{N}; 2 , 6 ( 3 ) ∈ N ; 2,6 ( 3 ) ∈ Z ; 2{,}6(3) \in \mathbb{Z}; 2 , 6 ( 3 ) ∈ Z ; 2,6 ( 3 ) ∈ Q ; 2{,}6(3) \in \mathbb{Q}; 2 , 6 ( 3 ) ∈ Q ;
г) π ∈ N ; \pi \in \mathbb{N}; π ∈ N ; π ∈ Z ; \pi \in \mathbb{Z}; π ∈ Z ; π ∈ Q ; \pi \in \mathbb{Q}; π ∈ Q ; π ∈ R ? \pi \in \mathbb{R}? π ∈
4. Ададҳоро муқоиса кунед:
а) 3,4321 3{,}4321 3 , 4321 ва 3,4412 ; 3{,}4412; 3 , 4412 ;
б) − 42,101 -42{,}101 − 42 , 101 ва − 42,011 ; -42{,}011; − 42 , 011 ;
в) 0,014 0{,}014 0 , 014 ва 0,016 ; 0{,}016; 0 , 016 ;
г) − 1,333 -1{,}333 − 1 , 333 ва − 1,321. -1{,}321. − 1 , 321.
а) 2, ( 12 ) 2{,}(12) 2 , ( 12 ) ё 2,12 ; 2{,}12; 2 , 12 ;
б) 4 3 8 4\dfrac{3}{8} 4 8 3 ё 4, ( 375 ) ; 4{,}(375); 4 , ( 375 ) ;
в) 2 3 \dfrac{2}{3} 3 2 ё 0,668 ; 0{,}668; 0 , 668 ;
г) π \pi π ё 3, ( 14 ) ? 3{,}(14)? 3 , ( 14 )?
6. Ададҳои 2,15 ; 2{,}15; 2 , 15 ; 1, ( 4 ) ; 1{,}(4); 1 , ( 4 ) ; − 2,62 … ; -2{,}62\ldots; − 2 , 62 … ; − 2,63 … -2{,}63\ldots − 2 , 63 … -ро бо тартиби зиёдшавиашон нависед.
7. a = 1,0734 … a = 1{,}0734\ldots a = 1 , 0734 … ва b = 2,0859 … b = 2{,}0859\ldots b = 2 , 0859 … мебошад. Ададҳоро то: а) даҳякӣ; б) садякӣ яклухт карда, қиматҳои тақрибии ифодаҳои a + b a + b a + b ва a − b a - b a − b -ро ёбед.
8. Қимати тақрибии дарозии давраи радиусаш ба 5 5 5 м баробарро ёбед (адади π \pi π -ро то садякӣ яклухт кунед).
Дар хона 9. Ададҳои 1,275 … ; 1{,}275\ldots; 1 , 275 … ; 1,064 ; 1{,}064; 1 , 064 ; 5 ; 5; 5 ; 1,0021 … ; 1{,}0021\ldots; 1 , 0021 … ; 0, ( 37 ) ; 0{,}(37); 0 , ( 37 ) ; − 1,1 ( 12 ) -1{,}1(12) − 1 , 1 ( 12 ) -ро бо тартиби камшавиашон нависед.
10. Қимати тақрибии масоҳати доираи радиусаш 4,5 4{,}5 4 , 5 м-ро ёбед (адади π \pi π -ро то садякӣ яклухт кунед).
Такрор ( 2 x + y − 1 x − y − x x 2 − y 2 ) : 3 y x − y . \left(\dfrac{2}{x + y} - \dfrac{1}{x - y} - \dfrac{x}{x^2 - y^2}\right) : \dfrac{3y}{x - y}. ( x + y 2 − x − y 1 − x 2 − y 2 x ) : x − y 3 y . 12. x x x -ро ёбед, агар: а) ∣ x ∣ = 2 ; |x| = 2; ∣ x ∣ = 2 ; б) ∣ x ∣ = 1,5 ; |x| = 1{,}5; ∣ x ∣ = 1 , 5 ; в) ∣ x ∣ = − 1 ; |x| = -1; ∣ x ∣ = − 1 ; г) ∣ x ∣ = 0 |x| = 0 ∣ x ∣ = 0 бошад.
13. Муодиларо ҳал намоед: ( x + 2 ) 2 − 5 ( x − 4 ) = ( x − 6 ) ( x + 6 ) . (x + 2)^2 - 5(x - 4) = (x - 6)(x + 6). ( x + 2 ) 2 − 5 ( x − 4 ) = ( x − 6 ) ( x + 6 ) .
★ Барои ҳавасмандон 14. Ададро ба касри ратсионалӣ гардонед: а) 1, ( 1 ) ; 1{,}(1); 1 , ( 1 ) ; б) − 2, ( 01 ) ; -2{,}(01); − 2 , ( 01 ) ; в) 1,1 ( 12 ) ; 1{,}1(12); 1 , 1 ( 12 ) ; г) 2,13 ( 4 ) . 2{,}13(4). 2 , 13 ( 4 ) .
15. Исбот кунед, ки агар квадрати адади бутун ба 3 3 3 тақсим шавад, он гоҳ ин адад ба 3 3 3 тақсим мешавад.
Вазифаи хонагӣ
Машқҳои 9–13 аз қисмҳои «Дар хона» ва «Такрор».
Вазифаи онлайн оид ба банди 12 дар саҳифаи «Супоришҳо» аст, агар омӯзгор онро супорида бошад.
Хулоса
Диагонали квадрати воҳидӣ d d d чунин аст: d 2 = 2 ; d^2 = 2; d 2 = 2 ; ин адад ратсионалӣ нест. Исбот: аз d = m n d = \dfrac{m}{n} d = n m ҷуфтии m m m ва n n n бармеояд — зиддият.
Адади ирратсионалӣ — касри даҳии беохири ғайридаврӣ; I \mathbb{I} I — маҷмуи онҳо.
Ададҳои ратсионалӣ ва ирратсионалӣ якҷоя маҷмуи ададҳои ҳақиқӣ R \mathbb{R} R -ро ташкил медиҳанд; N ⊂ Z ⊂ Q ⊂ R . \mathbb{N} \subset \mathbb{Z} \subset \mathbb{Q} \subset \mathbb{R}. N ⊂ Z ⊂ Q ⊂ R .
Ададҳои ҳақиқиро рақам ба рақам муқоиса мекунанд; дар ҳисоби тақрибӣ саҳеҳӣ муҳим аст.
Дар ин дарс
Ман медонам , ки диагонали квадрати воҳидӣ адади ратсионалӣ нест ва исботи онро аз «баръаксашро фарз мекунем» фаҳмида метавонам.
Ман медонам , ки адади ирратсионалӣ касри даҳии беохири ғайридаврӣ аст ва маҷмуи ададҳои ҳақиқиро R \mathbb{R} R ташкил мекунад.
Ман метавонам ададҳои ҳақиқиро муқоиса кунам ва ҳисоби тақрибиро иҷро намоям.
Такрор (2 дақиқа)
Касри 4 11 \dfrac{4}{11} 11 4 -ро ба касри даврӣ нависед.
Оё 0, ( 9 ) 0{,}(9) 0 , ( 9 ) ба 1 1 1 баробар аст?
Адади ҷуфт чӣ гуна нишон дода мешавад? Адади тоқ-чӣ?
Ҷавобҳо
0, ( 36 ) . 0{,}(36). 0 , ( 36 ) . 2) Ҳа, 0, ( 9 ) = 1. 0{,}(9) = 1. 0 , ( 9 ) = 1. 3) Ҷуфт — 2 k , 2k, 2 k , тоқ — 2 k + 1 , 2k + 1, 2 k + 1 , ки k k k бутун аст.
Вазъият барои андешаронӣ Мо дидем, ки ҳар як адади ратсионалӣ касри даврӣ аст ва ҳар касри даврӣ ратсионалӣ аст. Оё бо ададҳои ратсионалӣ тамоми ададҳои мавҷуда ба итмом мерасанд? Агар квадрат масоҳаташ 2 2 2 бошад, тарафаш кадом адад аст?
Расми 1. Квадрати воҳидии ABCD ва квадрати ACEF, ки тарафаш диагонали AC аст. Теорема Бузургии диагонали квадрати воҳидӣ адади ратсионалӣ нест.
Лемма Агар квадрати адади бутуни m m m ҷуфт бошад, пас худи m m m низ ҷуфт аст.
Азбаски d 2 = 2 , d^2 = 2, d 2 = 2 , дорем m 2 n 2 = 2 , \dfrac{m^2}{n^2} = 2, n 2 m яъне
Расми 2. Ададҳои ҳақиқӣ: ратсионалӣ (дарун) ва ирратсионалӣ (берун). Калимаҳои калидӣ адади ирратсионалӣ адади ҳақиқӣ исбот бо роҳи зиддият лемма муқоисаи ададҳои ҳақиқӣ яклухт кардан
Ман дар ин дарс чӣ омӯхтам? Чаро фарз кардани d = m n d = \dfrac{m}{n} d = n m ба зиддият оварда мерасонад? Кадом қадами исбот барои шумо душвортар буд?
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):
Ман медонам, ки диагонали квадрати воҳидӣ ратсионалӣ нест ва исботи онро ҳикоя карда метавонам.
Ман метавонам адади ирратсионалиро аз ратсионалӣ фарқ кунам: касри даҳии беохири ғайридаврӣ ё даврӣ.
Ман метавонам ададҳои ҳақиқиро муқоиса кунам ва мисолҳои ададҳои ирратсионалӣ оварам.
Ман медонам, ки маҷмуи R \mathbb{R} аз кадом ададҳо иборат аст.
Суммаи ду адади ирратсионалӣ ҳамеша адади ирратсионалӣ аст.
Кадом ададҳо ирратсионалианд? (Ҳамаи дурустҳоро интихоб кунед.)
Ҳамаи мувофиқро интихоб кунед A π \pi π
B 2,010010001 … 2{,}010010001\ldots 2 , 010010001 … (воҳидҳо бо як, ду, се… сифр ҷудоанд)
C − 7 -7 − 7
D 0, ( 3 ) 0{,}(3) 0 , ( 3 )
E 0,25 0{,}25 0 , 25
Ададҳои 1, ( 41 ) 1{,}(41) 1 , ( 41 ) ва 1,4142 … 1{,}4142\ldots 1 , 4142 … -ро муқоиса кунед.
Як ҷавобро интихоб кунед A муқоиса кардан мумкин нест B 1, ( 41 ) > 1,4142 … 1{,}(41) > 1{,}4142\ldots 1 , ( 41 ) > 1 , 4142 …
C 1, ( 41 ) = 1,4142 … 1{,}(41) = 1{,}4142\ldots 1 ,
D Қадамҳои исботи ирратсионалӣ будани диагонали квадрати воҳидиро (d 2 = 2 d^2 = 2 d 2 = 2 ) ба тартиби дуруст гузоред.
Унсурҳоро бо тартиби дуруст ҷойгир кунед 1 Фарз мекунем, ки d = m n d = \dfrac{m}{n} d = n m ва касри m n \dfrac{m}{n} ихтисорнашаванда аст
2
3
4
5
R ;
2,6 ( 3 ) ∈ R ; 2{,}6(3) \in \mathbb{R}; 2 , 6 ( 3 ) ∈ R ;
R
?
2
=
2 ,
m 2 = 2 n 2 . m^2 = 2n^2. m 2 = 2 n 2 . Адади 2 n 2 2n^2 2 n 2 ҷуфт аст (дар он зарбкунандаи 2 2 2 ҳаст), пас адади ба он баробари m 2 m^2 m 2 низ ҷуфт мебошад. Аз ҷуфт будани m 2 m^2 m 2 мувофиқи леммаи боло бармеояд, ки худи m m m ҷуфт аст: m = 2 k m = 2k m = 2 k (k k k бутун). Ба баробарии m 2 = 2 n 2 m^2 = 2n^2 m 2 = 2 n 2 ба ҷойи m m m қимати 2 k 2k 2 k -ро мегузорем: ( 2 k ) 2 = 2 n 2 , (2k)^2 = 2n^2, ( 2 k ) 2 = 2 n 2 , яъне 4 k 2 = 2 n 2 . 4k^2 = 2n^2. 4 k 2 = 2 n 2 . Ҳар ду тарафро ба 2 2 2 тақсим мекунем: n 2 = 2 k 2 . n^2 = 2k^2. n 2 = 2 k 2 . Адади 2 k 2 2k^2 2 k 2 ҷуфт аст (дар он зарбкунандаи 2 2 2 ҳаст), пас n 2 n^2 n 2 низ ҷуфт мебошад. Аз ин мувофиқи лемма n n n ҷуфт аст. Ҳамин тариқ, ҳам m m m ва ҳам n n n ҷуфтанд, яъне касри m n \dfrac{m}{n} n m -ро ба 2 2 2 ихтисор кардан мумкин аст. Ин ба ихтисорнашаванда будани он зиддият мекунад. Ин зиддият нодурустии фарзи пешниҳодкардаамонро нишон медиҳад. Пас, диагонали квадрати воҳидӣ ратсионалӣ нест. □ \square □ R
(
41
)
=
1 , 4142 …
1, ( 41 ) < 1,4142 … 1{,}(41) < 1{,}4142\ldots 1 , ( 41 ) < 1 , 4142 …
n m
Аз n 2 = 2 k 2 n^2 = 2k^2 n 2 = 2 k 2 бармеояд: n 2 n^2 n 2 ҷуфт, пас n n n ҷуфт аст
Аз d 2 = 2 d^2 = 2 d 2 = 2 ҳосил мекунем m 2 = 2 n 2 m^2 = 2n^2 m 2 = 2 n 2 : m 2 m^2 m 2 ҷуфт аст, пас m m m ҷуфт аст
Менависем m = 2 k m = 2k m = 2 k ва мегузорем: 4 k 2 = 2 n 2 , 4k^2 = 2n^2, 4 k 2 = 2 n 2 , яъне n 2 = 2 k 2 n^2 = 2k^2 n 2 = 2 k 2
Ҳам m m m , ҳам n n n ҷуфтанд: каср ихтисор мешавад — зиддият, фарз нодуруст аст