Мураттабсозӣ ва пешдид
Пеш аз он ки навиштаҳои махзанро ба чоп равон кунем, онҳоро мураттаб месозем: бо афзори «Пешдид» (Предварительный просмотр)-и фармони «Чопкунӣ» (Печать)-и банди «Парванда» (Файл) навиштаҳоро аз назар мегузаронем. Дар «Пешдид» маводи чопшаванда дар экран ҳамон тавр инъикос мешавад, ки дар коғаз мебарояд. Дар ин реҷа навиштаҳоро таҳрир кардан намешавад: агар ғалат пайдо шавад, ба реҷаи ҳисобот баргашта, онро ислоҳ мекунанд. Агар ғалат набошад, метавон ба чоп фиристод.
Навиштаҳои махзанро дар ҳамаи реҷаҳои кории объектҳо чоп кардан мумкин аст, лекин бештар дар реҷаи «Ҳисобот» чоп мекунанд. Ҳисобот навиштаҳоро аз ҷадвал, шакл ва дархост мегирад ва маводро дар намуди ҳисобот тайёр мекунад.
Форматбандӣ ва тамоюл
Баъд аз тайёр шудани ҳисобот онро форматбандӣ мекунанд. Ба таҳрир ва форматбандӣ ин амалҳо дохил мешаванд: интихоби сарлавҳа, интихоби майдонҳо, радифсозии матн ва ранги замина, навъ, андоза ва ранги ҳарфҳо.
Саҳифаҳои ҳисобот ба таври пешфарз дар намуди китобӣ (Книжная) чоп мешаванд. Агар албомӣ лозим бошад, афзори «Албомӣ» (Альбомная)-и блоки «Нишонагузории саҳифа» (Разметка страницы)-ро фаъол мекунем.
Чоп
Барои чоп дастури «Чопкунӣ»-и банди «Парванда» хизмат мекунад. Дар равзанаи «Чоп» дар сатри «Ном» чопгарро интихоб мекунем. Агар «ОК»-ро пахш кунем, тамоми навиштаҳо ба чоп мераванд. Дар ин равзана метавонем чопро ба пуррагӣ, қисм ба қисм, ё саҳифаҳои интихобӣ ва миқдори нусхаҳоро нишон диҳем: масалан, барои саҳифаҳои муайян банди «аз саҳифаи» (страницы с)-ро фаъол карда, рақамҳоро менависем ва «ОК»-ро пахш мекунем.
Мисол: ҳисоботи кӯлҳо
Ҳисоботи махзани «География»-ро дар реҷаи «Ҳисобот» чоп мекунем:
Мо метавонистем навиштаҳоро аввал ба танзим орем (масалан, кӯлҳоро аз рӯи масоҳат) ва баъд ҳисобот тайёр кунем. Танзими майдонҳоро «Моҳири ҳисоботсоз» иҷро мекунад, монанди «Моҳири шаклсоз».
Лаборатория
Дар лаборатория ҳисоботҳои «Кӯлҳо», «Рустаниҳо» ва «Физика»-ро месозед ва якеро чоп мекунед. Агар дар компютер MS Access ё LibreOffice Base бошад, ҳамин корро дар он ҳам кунед.