Чаро танҳо ҷадвал не
Ҷадвал усули аз ҳама маъмули тасвири маълумот аст, вале барои корбарӣ беҳтарин нест. Дар ҷадвал маълумот дар сатру сутун тасвир мешавад. Агар маълумот матнӣ бошад, душворӣ пайдо мешавад: матн дар як катак якчанд сатр буда наметавонад, ва барои хондани он сутунҳоро васеъ мекунанд. Илова бар ин, дар ҷадвал маълумоти ҳамаи объектҳо якбора пешниҳод мешавад, пас дохилкунӣ ва азназаргузаронӣ камсамар аст.
Воситаи созгортар – шаклҳо. Шакл дар асоси ҷадвалҳои тайёр кор мекунад ва маълумотро аз як ҷадвал ё якчанд ҷадвали пайваст мегирад.
Афзорҳои шаклсозӣ
Шаклро монанди ҷадвал месозанд: банди «Сохтан»-и менюи Access-ро фаъол мекунанд, дар блоки «Шаклҳо» (Формы) якчанд афзор ҳаст:
- Шакл (Форма) – шакли оддӣ; ҳар дафъа танҳо як навишта намоён аст;
- Тарроҳи шаклсоз (Конструктор форм) – шакли холии нав месозад ва шакли мавҷударо тағйир медиҳад: ҷузъҳои идоракунӣ илова мекунад, тартиби гузариш байни майдонҳо, андоза ва рангро иваз мекунад, расм мегузорад;
- Шакли холӣ (Пустая форма) – барои шаклҳое, ки ҷузъҳои идоракунӣ ё формат надоранд;
- Моҳири шаклсоз (Мастер форм) – шаклҳои одӣ ва танзимшавандаро қадам ба қадам месозад;
- Роҳнамоӣ (Навигация) – шакле месозад, ки корбар аз он ба дигар шаклҳо ва ҳисоботҳо «сайр» мекунад.
Тарзи фаврӣ ва созгор – «Моҳири шаклсоз». «Тарроҳи шаклсоз»-ро бештар барои тағйири намуди зоҳирии шакл ва барои шакли асосии корбарии махзан истифода мебаранд.
Моҳири шаклсоз қадам ба қадам
Шаклро дар якчанд намуд тасвир кардан мумкин аст. Намуди ҷадвалӣ аз ҷадвали одӣ кам фарқ мекунад. Аксар вақт намуди тасмашакл-ро истифода мебаранд: дар он маълумоти ҳар як майдон дар корти алоҳида ҷойгир мешавад. Дигар намудҳо: «Дар як сутун», «Баробаркардашуда».
Лаборатория
Бо махзани «Карим» шакл созед, бо он навишта илова кунед ва намуди шаклро иваз кунед. Агар дар компютер MS Access ё LibreOffice Base бошад, ҳамин корро дар он ҳам кунед.