Шакли графикии амсила
Амсилаи релятсиониро дар шакли графикӣ чунин тасвир мекунанд:
- ҳар як ҷадвал – росткунҷа; дар болои он номи ҷадвал (синфи объектҳо) навишта мешавад;
- поёнтар аз ном – номи майдонҳо;
- калидмайдонҳо бо ҳарфҳои ғафс навишта мешаванд;
- хатти пайвасткунанда байни ҷадвалҳо – хати робита; дар болои он мазмун ва навъи муносибатро (1:1, 1:Б ё Б:Б) навиштан мумкин аст.
Махзани «Худгардҳо»
Маълумот оид ба мошинҳоро ба ду синфи ба ҳам алоқаманд ҷудо мекунем: «Истеҳсолкунанда» ва «Худгардҳо». Амсиларо тарзе месозем, ки ҳар худгардро танҳо як истеҳсолкунанда месозад. Пас байни онҳо робитаи 1:Б ҳаст, ва шумораи сатрҳои «Истеҳсолкунанда» аз шумораи сатрҳои «Худгардҳо» хеле кам шуда метавонад.
Истеҳсолкунанда
| Рамзи истеҳсолӣ | Номи худгард | Кишвар |
|---|---|---|
| 1 | Mercedes Benz | Германия |
| 2 | Жигули | Россия |
| 3 | Москвич | Россия |
Худгардҳо
| Рамзи худгард | Тамғаи худгард | Рамзи истеҳсолӣ |
|---|