Амсилаи релятсионӣ
Ҷадвал – яке аз тарзҳои қулай ва маъмули нишон додани маълумот. Айнан ҳамин хосият асоси амсилаи релятсионӣ (ҷадвалӣ) шудааст, ки дар аксар системаҳои идоракунии махзани маълумот (СИММ)-и имрӯза истифода мешавад.
Калимаи «релятсионӣ» аз англисии relation – «муносибат» омадааст: амсила муносибатҳои байни ҷадвалҳои худро нишон медиҳад. Дар ин амсила ҳар ҷадвал як синфи объектҳоро тасвир мекунад. Масалан, ҷадвали Хонандагон: рақами парвандаи шахсӣ, насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд. Ҳар сутун – майдон, сатри болоӣ (номи параметрҳо) – сохтори навиштаҳо, сатрҳои дигар – навиштаҳо.
Ҳафт хосият
1. Ҳар катак – як қимат. Дар як катаки ҷадвал танҳо як қимати параметр ҷойгир мешавад. Дар мисоли худгардҳо:
| Навъи худгард | Ранг |
|---|---|
| Mercedes Benz | Сурх, Сиёҳ, Сабз |
Ин нодуруст аст: дар як катак се ранг. Дуруст:
| Навъи худгард | Ранг |
|---|---|
| Mercedes Benz | Хокистарранг |
| Opel Astra | Сафед |
| LADA-112 | Сурх |