Ду тарзи сохтани махзан
Барои ҷустуҷӯи сифатнок ва фаврии маълумот дар махзан ин раванд бояд худкор шавад. Технологияҳои имрӯза имкон медиҳанд, ки нигаҳдорӣ ва коркарди иттилооти гуногунро дар шакли электронӣ ташкил кунем. Махзани маълумотро дар компютер бо ду тарз сохтан мумкин аст:
- Бо забонҳои барномасозӣ (Basic, Visual Basic, Pascal, Delphi, C++, C# ва ғайра). Ин тарзро барои махзани нодир истифода мебаранд; онро асосан барномасозони касбӣ ва соҳибтаҷриба ба кор мебаранд.
- Бо муҳитҳои барномавии махсус – СИММ. Ин вариант барои аксари корбарон мақбул аст ва воситаи нисбатан одӣ ва дастрас мебошад. Кор бо онҳо малакаи корӣ дар компютер ва фаҳмиши асосҳои назарияи коркарди махзанҳоро талаб мекунад.
Якчанд намуди СИММ ҳаст: машҳуртарини онҳо MS Access, Oracle, MySQL ва Microsoft SQL Server. Ҳар кадом бартарӣ ва норасоӣ дорад. Microsoft Access ба дастаи барномаҳои Microsoft Office шомил аст ва миёни корбарон маъруф аст; Oracle, MySQL ва SQL Server барои махзанҳои пуриқтидори касбӣ пешбинӣ шудаанд ва онҳоро асосан мутахассисон истифода мебаранд.
Ду марҳала ва чор гурӯҳи афзор
Кор дар муҳити СИММ аз ду марҳалаи калон иборат аст:
- сохтани махзани маълумот – сохтори ҷадвалҳо муайян, робитаи байнашон барқарор ва катакҳояшон бо маълумот пур карда мешаванд;
- идоракунии махзани маълумот – шакл барои воридкунии иттилоот, тарзҳои ҷустуҷӯ, интихоб ва табдили он ва роҳҳои хориҷкунии натиҷа (ҳисобот) коркард ва ҳал карда мешаванд.
Афзорҳои асосии СИММ чор гурӯҳанд:
- афзорҳои ҷадвалсозӣ;
- афзорҳои идоракунии намуди маълумот (шаклҳо);
- афзорҳои коркарди маълумот (ҷустуҷӯ, интихоб, дархост);
- афзорҳои хориҷкунии маълумот (ҳисобот).
Ин чор гурӯҳро дар Дарсҳои 60–63 пай дар пай омӯхта, дар Дарсҳои 64–67 ҳамаро ба ҳам мепайвандем.
Равзанаи MS Access
MS Access 2010 дар як вақт танҳо як махзанро мекушояд, ва ҳар як объекти он дар варақаи алоҳидаи равзанаи асосӣ кушода мешавад. Дар равзанаи махзан ҳамаи объектҳо ҷойгиранд: ҷадвалҳо (таблицы), дархостҳо (запросы), шаклҳо (формы), ҳисоботҳо (отчеты), макросҳо (макросы) ва модулҳо (модули).
Access-ро монанди барномаҳои дигари Office ду тарз кушодан мумкин аст:
- тугмаи «Оғоз» – «Ҳамаи барномаҳо» – Microsoft Office – MS Access;
- бо нишонаи Access ё нишонаи парвандаи бо он сохташуда дар мизи корӣ ё дар ҷузвдон.
Пас аз кушодан дар миёнаи равзана қолаби «Махзани нави маълумот» (Новая база данных) фаъол аст; рангаш зард аст: дар ин равзана ранги зард объекти фаъолро нишон медиҳад. Агар дар майдончаи «Номи парванда» ном (масалан, «Хонандагон») нависем ва «Сохтан» (Создать)-ро пахш кунем, равзанаи асосии махзан пайдо мешавад.