Ду нақш
Барои махзани таълимӣ шумо аввал нақши омӯзгори фани дахлдор ва баъд нақши мутахассиси соҳаи технологияи компютериро иҷро мекунед. Барои дуруст тасвир кардани соҳа бояд хуб донед, ки физика чист, ва малакаи кор бо СИММ дошта бошед. Дар тавсифнома таҷриба ва малакаҳои шахсии шумо истифода мешавад.
Сохтори махзани «Физика»
Махзан як ҷадвал – «Ҷадвали 10» – дорад ва се майдон:
| Майдон | Навъ |
|---|---|
| Рамзи формула | Ҳисобкунак (калидмайдон) |
| Номи формула | Матнӣ, андоза 40 |
| Навишти формула | Майдони объекти OLE |
Дохилкунии маълумот
Дохилкунӣ ва таҳрири маълумот дар ҷадвали махзан аз барномаҳои дигари офисӣ кам фарқ дорад. Фарқ дар он аст, ки дар чапи сатр нишонаҳои махсус пайдо мешаванд:
- * (ситорача) – сатри холӣ;
- ► (тирча) – навиштаи фаъол;
- қалам – навишта омодаи таҳрир аст.
Барои дохилкунӣ махзани «Физика»-ро мекушоем (парвандаи «Физика.accdb») ва «Ҷадвали 10»-ро ду маротиба пахш мекунем. Дар майдони «Номи формула» менависем: «Энергияи конденсатори заряднок», «Қувваи ҷараён», «Қонуни Ом барои занҷири сарбаст», «Қонуни Ҷоул–Ленс», «Қонуни Кулон», «Намии нисбӣ».
Формулаи математикиро бо афзори «Ҷадвал» сохтан имконнопазир аст. Одатан формулаҳоро бо барномаи Microsoft Word месозанд ва ҳамчун объекти беруна (OLE) дар Access истифода мебаранд. Барои ҳамин навъи майдони «Навишти формула»-ро OLE гирифтем.
Шакл бо моҳир
Барои дидани ҳар як формула шакл месозем: «Моҳири шаклсоз» – ҳамаи майдонҳо – «Ба пеш» – намуди «баробаркардашуда» (выровненный) – «Омода». Шакл барои ҳар як сатр дар як экран формула ва номашро нишон медиҳад. Моҳир андозаи ҳамаи майдонҳоро якхела мекунад. Барои тағйири андоза ва ороиш «Тарроҳи шаклсоз»-ро кушоед: мушнаморо ба кунҷи майдон гузошта, мекашем; андоза, ранг ва навъи ҳарфро блоки «Форматбандии матн» иваз мекунад.