Ҳисобот
Яке аз бартариҳои амсилаҳои компютерӣ он аст, ки онҳо шаклҳои гуногуни пешниҳоди иттилооти содиршавандаро месозанд. Ин гуна шаклҳоро ҳисобот меноманд. Ба ҳисобот майдонҳои ҷадвал, дархост ва майдонҳои ҳисобшаванда ҳамроҳ мешаванд. Бо ҳисобот гурӯҳбандии иттилоот аз рӯи нишонаҳо ва сохтани майдонҳои ҷамъбастӣ барои гурӯҳҳо ва тамоми махзан низ мумкин аст.
Ҳисобот шакли беҳтарини пешниҳоди иттилооти содиротӣ барои чоп аст. Барои сохтан бештар «Моҳири ҳисоботсоз» (Мастер отчетов), барои таҳрир – «Тарроҳи ҳисоботсоз» (Конструктор отчетов)-ро истифода мебаранд.
Мисол: рӯйхати иштирокчиёни олимпиада
Бояд рӯйхати 10 иштирокчии беҳтарини олимпиадаи ҷумҳуриявиро аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» ба чоп дод. Дар он: ному насаб, санаи таваллуд, макони зист, суроға, синф ва рақами мактаб. Аввал маълумотро дар ҷадвал месозем («Ҷадвали 1»), баъд бо ҳисобот чоп мекунем.
Тавре дидед, ҳисоботсозӣ бо Access кори душвор нест.
Лаборатория
Дар лаборатория ҳамин ҳисоботро созед ва чоп кунед. Агар дар компютер MS Access ё LibreOffice Base бошад, ҳамин корро дар он ҳам кунед.