Махзани маълумот
Асоси ҳар системаи иттилоотиро махзани маълумот ташкил медиҳад: дар он маълумот оид ба нусхаҳои синфҳои ба ҳам алоқаманди объектҳо нигоҳ дошта мешавад. Ин маҷмуи ба тарзи махсус ташкилшудаи маълумот аст, ки дар барандаи моддӣ нигоҳ дошта мешавад. На дастаи пароканда, балки дастаи маълумоти ба ҳам вобастаи сохторӣ. Корбар бояд бо ёрии он оид ба объект, ҳодиса ё раванд тасаввурот пайдо кунад.
Махзани маълумот барои худкорсозии захирасозӣ, ҷустуҷӯ, идоракунӣ ва лоиҳакашӣ пешбинӣ шудааст. Шумо борҳо истифода кардаед: китоби рақами телефонҳо, дафтарчаи ёддошт, феҳристи китобхона, рӯйхати дӯстон дар телефон. Дар дафтарчаи ёддошт ном, насаб, рақам, суроға, санаи таваллуд нигоҳ дошта мешавад; дар феҳристи китобхона – номи китоб, муаллиф, соли барориш, нашрия. Дар дафтарчаи ёддошт маълумотро аз рӯйи алифбо, дар феҳристи китобҳо аз рӯйи соҳаи мавзуӣ мураттаб мекунанд.
Майдон, навишта, сохтори навишта
Ба мафҳумҳои асосии махзани маълумот майдон ва навишта дохил мешаванд.
Дар ҷадвали сурудҳо «Номи суруд», «Иҷрочӣ», «Жанр», «Сол», «Мамлакат» – майдонҳои махзани маълумот. Номи майдонҳо дар сатри якум, қиматҳо дар сутунҳои мувофиқ.
Майдонҳо навъҳои гуногун доранд: матнӣ, ададӣ, санавӣ, вақтӣ, пулӣ ва ғайра. Масалан, «Насаб» – матнӣ, «Сана» – санавӣ, «Нарх» – пулӣ. Қиматҳои як майдон ҳамеша як навъ мебошанд.
Дар ММ параметрҳои зиёд ҷамъ мешаванд, барои ҳамин бақайдгирӣ ва тартиби онҳо муҳим аст. Масалан, дар ММ «Хонанда» маълумот дар бораи ҳар хонанда дар навишта сабт мешавад. Агар майдонҳоро чунин ҷойгир кунем, зуд меёбем:
Агар тартиб вайрон шавад, масалан:
ёфтани хонандаи Асозода Ҳабибулло душвор мешавад. Бинобар ин марҳалаи муҳимтарини таҳияи ММ – коркарди сохтори навиштаҳо: майдонҳо кадомҳоянд, дар кадом тартиб ва бо кадом навъ.
Агар маълумот дар шакли ҷадвал бошад, сатри якум ҳамеша номгӯи параметрҳоро дорад, яъне сохтори навиштаҳоро муайян мекунад. Сатрҳои боқимонда – қиматҳои навиштаҳо.