Танзим
Афзорҳои асосии коркарди маълумот – танзим, полоиш ва дархост. Онҳо дар блоки «Танзим ва полоиш» (Сортировка и фильтр)-и банди «Асосӣ» ҷойгиранд.
Ду намуд ҳаст: бо тартиби зиёдшавӣ ва камшавӣ. Барои адад – аз хурд ба калон ё баръакс; барои матн – аз рӯи алифбо: аз А то Я (зиёдшавӣ) ё аз Я то А (камшавӣ). Санаҳоро низ танзим мекунанд: «Я→А» санаи охиринро аввал меорад.
Агар майдон қиматҳои такроршаванда дошта бошад, навиштаҳо ба гурӯҳҳои якхела тақсим мешаванд: масалан, танзим аз рӯи «Ҷинс» ду гурӯҳ медиҳад – мардҳо ва занҳо. Ин гурӯҳбандии навиштаҳо ном дорад.
Дар Access танзим бо як майдон мегузарад; ҳар амали навбатӣ пештараро бекор мекунад. Баъзан лозим меояд, ки навиштаҳоро аз рӯи якчанд майдон ба тартиб орем (вақте дар як майдон қиматҳои якхела мешаванд): масалан, сарояндагонро аввал аз рӯи давлат гурӯҳбандӣ мекунанд, баъд ҳар гурӯҳро аз рӯи алифбо.
Полоиш
Идоракунии махзан бо ҷустуҷӯ ва интихоби маълумот зич вобаста аст. Он навиштаҳое, ки ба талаби корбар ҷавоб медиҳанд, бо полоишгар ҷудо мекунанд.
Се намуди полоиш:
- «тибқи қайд» (по выделенному) – навиштаҳое, ки фрагменти қайдшударо доранд;
- «мустаснои қайд» (исключить выделенное) – баръакс: навиштаҳое, ки фрагментро надоранд;
- полоиши фарох (расширенный фильтр) – шартҳои мураккабтар ва танзим аз рӯи якчанд параметр.
Мисол: ҷадвал
| Насаб | Ном | Ҷинс |
|---|---|---|
| Қаюмова | Махсума | Зан |
| Мирзоев | Додар | Мард |
| Абдуллоев | Фаррух |