Амсилаи шабакавӣ
Амсилаи шабакавии маълумот ҳам мисли иерархӣ робитаи байни объектҳои иттилоотиро нишон медиҳад ва ба ҳамон мафҳумҳои калидӣ такя мекунад: гиреҳ, камон (робита) ва сатҳ. Фарқи ягона ва муҳимтарин: дар амсилаи шабакавӣ ҳар як ҷузъи сатҳ метавонад бо миқдори дилхоҳи ҷузъҳои сатҳи дигар алоқаманд бошад. Дар иерархӣ ҳар гиреҳи поёнӣ танҳо як «падар» дорад.
Мисол: шавқу ҳаваси наврасон
Махзани маълумотро дида мебароем, ки дар он шавқу ҳаваси (мароқи дӯстдоштаи) наврасон нигоҳ дошта мешавад. Дар амсила ду сатҳ ҳаст: шавқу ҳавас (мусиқӣ, компютер, китобхонӣ, варзиш) ва наврасон (Хусравҷон, Мафтуна, Сиёвуш, Адиба). Хатҳо шавқу ҳаваси наврасони мушаххасро нишон медиҳанд.
Аз як тараф, ҳар наврас метавонад якчанд шуғли дӯстдошта дошта бошад. Аз тарафи дигар, як шуғл метавонад ба якчанд наврас тааллуқ дошта бошад. Ин робитаро «бисёрӣ-ба-бисёрӣ» меноманд ва бо Б:Б ишора мекунанд.
Худатон хатҳоро кашед: