Амсилаи иерархӣ
Амсилаи иерархии маълумот алоқамандии объектҳои иттилоотиро аз рӯйи сатҳи тобеияташон нишон медиҳад. Онро ҳамчун дарахт мекашанд, ки решааш ба боло ва шохаҳояш ба поён нигаронида шудааст. Ҳар ҷузъи дарахт – як объект.
- Дар сатҳи болоӣ (решаи дарахт) танҳо як объекти иттилоотӣ ҷойгир аст.
- Ба он якчанд объекти сатҳи дуюм (шохаҳо) тобеъ мешаванд.
- Ба ҳар объекти сатҳи дуюм якчанд объекти сатҳи сеюм (шохчаҳо) тобеъанд.
- Ин такрор шуда метавонад. Байни ҳамаи ин объектҳо робитаи иттилоотӣ ҳаст.
Мисол 1: мактабҳои шаҳри Душанбе. Дар сатҳи болоӣ – объекти решавӣ: иттилоот дар бораи шаҳри Душанбе. Шаҳр аз чор ноҳия иборат аст: Сино, Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур. Иттилоот оид ба ноҳияҳо дар сатҳи дуюм. Дар ҳар ноҳия якчанд мактаб ҳаст: иттилоот дар бораи мактабҳо дар сатҳи сеюм.
Тобеиятро давом диҳем: дар сатҳи чорум синфҳои ҳар мактаб, дар сатҳи панҷум хонандагони ҳар синф. Ҳар сатҳ (ба ғайр аз якум) иттилооти як синфи объектҳо-ро нишон медиҳад: ноҳияҳо, мактабҳо, синфҳо, хонандагон.
Мисол 2: ҷузвдонҳо дар компютер. Ҷузвдони системавии «Компютер» – объекти решавӣ. Диски C, Диски D, Диски E – сатҳи дуюм. Дар ҳар диск ҷузвдонҳои системавӣ, хидматӣ ва татбиқӣ, дар онҳо ҷузвдонҳои дигар ва ҳамин тавр боз. Тамоюли тобеият ба таври равшан дида мешавад.
Гиреҳ, камон, сатҳ
Амсилаи иерархӣ дар намуди умумӣ дарахт аст, ки аз гиреҳҳо ва камонҳо иборат аст. Гиреҳ амсилаи иттилоотии объекти ҳамон сатҳро нишон медиҳад. Камон робитаи байни объектҳои сатҳҳои гуногунро. Гиреҳҳо ба сатҳҳо тақсим мешаванд.
Худатон созед: «Авлоди ман»
Соҳаи мавзуии «Авлоди ман» – хешовандон аз бобо то набераҳо. Дар дарахт ҳар шахс як падар дорад, пас дарахт иерархист. Дар зер намунаро созед; баъд дарахти худро дар дафтар кашед.