Чор марҳала
Омӯзиши ин мавзӯъ имкон медиҳад, ки ҳангоми таҳияи махзан амалҳоро пай дар пай иҷро кунем, моҳияти масъалагузорӣ ва балоиҳагириро дарк намоем ва мақсадҳои ниҳоии махзанро донем.
1. Гузориши масъала
Махзани маълумот маҳсули иттилоотист ва онро асосан мутахассиси соҳаи технологияҳои компютерӣ месозад. Вале коршиноси компютерӣ на ҳамеша хусусиятҳои соҳаеро, ки барои он махзан месозад, медонад. Бинобар ин дар ин марҳала дар баробари коршиноси компютерӣ ҳатман мутахассиси соҳаи мавзуӣ низ иштирок мекунад. Аввал тавсифномаи соҳаи мавзуӣ (дар бораи он маълумот ҷамъ мешавад) тартиб дода мешавад; мутахассис мақсади ниҳоии махзанро равшан мекунад ва доираи масъалаҳоро муайян мекунад: кадом маълумот ҷамъ мешавад, дар кадом шакл, кадом амалҳо (интихоб, илова, тағйир, чоп, ҳисобот) бо он иҷро мешаванд.
Масалан, агар шумо махзани таълимии худро месозед, аввал нақши мутахассиси соҳаи мавзуӣ (омӯзгори фан), баъд нақши коршиноси компютериро иҷро мекунед.
2. Балоиҳагирии махзан
Баъд аз тавсифи муфассал синфи объектҳо ва навъи робитаи байнашон муайян мешаванд; параметрҳои соҳа низ ҷудо мешаванд. Одатан параметр ба хусусиятҳои як синф тааллуқ дорад. Вале баъзан параметр ба ҳеҷ синфи интихобшуда тааллуқ надорад: ин вақте рӯй медиҳад, ки синфи объектҳо ба ҳисоб гирифта нашудааст.
Мисол – дармонгоҳ. Қабули дардмандонро ба ҳисоб мегирем. Синфҳо: «Табибон» ва «Дардмандон». Параметрҳои қабул: санаи қабул, насаби табиб, насаби дардманд, номи беморӣ. Насаби табиб ба «Табибон», насаби дардманд ба «Дардмандон» тааллуқ дорад. Санаи қабул ва номи беморӣ ба ҳеҷ яке аз онҳо тааллуқ надоранд – онҳоро ба синфи алоҳидаи «Қабул» мегузорем. Агар таҳлилро амиқтар кунем, шояд синфҳои дигар пайдо шаванд; ҳангоми иловаи синфи нав навъи робитаҳоро аз нав аниқ кардан лозим аст.
Баъд амсилаи релятсиониро месозем: барои ҳар ҷадвал ном ва навъи майдонҳо, калидмайдон ва майдонҳои алоқавии байни ҷадвалҳоро нишон медиҳем.
Байни табибон ва дардмандон Б:Б ҳаст: табиб якчанд дардмандро мебинад, дардманд ба якчанд табиб меравад. Ҳалли он – ҷадвали сеюм, ки худи «Қабул» мебошад: ҳар сатраш як қабул аст. Он гоҳ Б:Б ба ду 1:Б табдил меёбад.