Махзани «География»: кӯлҳои Тоҷикистон
Сохтори махзан барои география аз сохтори фанни физика кам фарқ дорад:
| Майдон | Навъ |
|---|---|
| Рамзи кӯл | Ҳисобкунак (калид) |
| Номи кӯл | Матнӣ, рӯйхати гузоришӣ |
| Мавқеи ҷойгиршавии кӯл | Матнӣ |
| Масоҳат, км² | Ададӣ (ҳақиқӣ) |
| Расми кӯл | Майдони объекти OLE |
Майдони «Масоҳат» ададӣ аст, на матнӣ: агар ададҳоро матн гирем, аломат ба аломат муқоиса мешаванд ва танзим нодуруст мешавад (36, 380, 4, 80 – на 4, 36, 80, 380).
Моҳири гузоришҳо
«Моҳири гузоришҳо» (Мастер подстановок) майдони махсуси гузоришӣ месозад: дар он рӯйхати қиматҳои интихобшаванда нишон дода мешавад. Майдони гузоришӣ қиматҳоро ду тарз гирифта метавонад:
- аз ҷадвал ё дархости дигар;
- аз маҷмуи қиматҳои қайдшудаи (доимии) худи ҳамин ҷадвал.
Номи кӯлҳо доимӣ аст, бинобар он тарзи дуюмро интихоб мекунем:
Банди «Якчанд қимат иҷозат дода шавад» (Разрешить несколько значений) маънои онро дорад, ки дар як катак якчанд қимати рӯйхатро интихоб кардан мумкин аст.
Баъд ба «Реҷаи ҷадвал» мегузарем. «Рамзи кӯл» худкор калид аст. Ҳангоми ворид шудан ба «Номи кӯл» рӯйхат кушода мешавад, номро интихоб мекунем ва «Мавқеи кӯл», «Масоҳат»-ро менависем.