Қимати x бояд адади мусбат бошад, зеро он дарозии тараф аст. Ин шартро танҳо решаи дуюм, яъне 10, қонеъ мекунад. Тарафи дигар 10−6=4 см аст.
Ҷавоб:10 см ва 4 см.
Масъалаи 2. Ҷисм бо суръати аввалаи 25 м/с амудан ба боло партофта шуд. Баъди чанд сония вай дар баландии 20 м қарор мегирад?
Ҳал. Аз курси физика маълум аст: агар муқовимати ҳаво ба эътибор гирифта нашавад, баландии h (бо метр), ки ҷисми амудан ба боло партофташуда баъди t сония дар он ҷо воқеъ аст, бо формулаи
h=v0t−2gt2
ифода мешавад, ки дар он v0 — суръати аввала (бо м/с), g — шитоби афтиши озод аст, ки тақрибан 10м/с2 мебошад.
Қиматҳои h=20 ва v0=25-ро ба формула мегузорем: 20=25t−5t2. Аз ин ҷо 5t2−25t+20=0. Барои осон шудани ҳисоб ҳар ду қисмро ба 5 тақсим мекунем: t2−5t+4=0. Решаҳо: t1=1,t2=4.
Ҳар ду решаи мусбат ба маънои масъала мувофиқанд: ҷисм дар баландии 20 м ду маротиба меояд — як маротиба ҳангоми боло рафтан ва як маротиба ҳангоми поён омадан. Аз расм мебинем: дар t=1 с ҷисм дар баландии 20 м боло меравад, дар t=4 с ҳамон баландиро ҳангоми афтидан убур мекунад.
Ҷавоб: баъди 1 сония ва баъди 4 сония.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Ҳосили зарби нисфи адад бар сеяки он ба 24 баробар аст. Ин ададро ёбед.
2. Оё секунҷаи росткунҷае мавҷуд аст, ки тарафҳояш бо се адади натуралии пай дар пай ифода шаванд?
3. Оё чунин секунҷаи росткунҷае вуҷуд дорад, ки тарафҳояш бо се адади ҷуфти пай дар пай ифода шавад?
4. Мол ба миқдори фоизе, ки ба нархаш баробар аст, қиммат карда шуд. Нархи молро ёбед, агар маълум бошад, ки вай 2,25 сомонӣ қиммат шудааст.
5. Дарозии қитъаи замини росткунҷавӣ аз бараш 5 бор калон аст. Ҳангоми бари қитъаро 9 м зиёд кардан масоҳати он 4 маротиба меафзояд. Андозаҳои аввалаи қитъаро ёбед.
6. Бари росткунҷа аз дарозиаш 3 бор кам аст. Дарозии росткунҷаро ёбед, агар маълум бошад, ки масоҳаташ 27см2 аст.