Мисоли 1. Дарозӣ ва бари росткунҷаҳое, ки масоҳаташон 20 см2 мешавад, мувофиқан x см ва y см аст. Азбаски xy=20, вобастагии y аз x бо формулаи y=x20 ифода меёбад.
Мисоли 2. Масофаи ду шаҳр 90 км аст. Вобастагии вақти барои тай кардани ин масофа сарфшаванда t аз суръати ҳаракат v бо формулаи t=v90 ифода мешавад. Дар ин ҷо бузургиҳои t ва v бо ҳам мутаносиби чаппаанд: суръат 2 маротиба зиёд шавад, вақт 2 маротиба кам мешавад.
Ҳангоми омӯхтани функсияи y=xk, ки дар он x тағйирёбандаи новобаста буда, адади k нобаробари сифр аст, дар назар дошта мешавад, ки x ҳам қимати мусбат ва ҳам қимати манфӣ қабул мекунад. Барои чунин қиматҳои x ҳам, яъне барои ҳар гуна қимати x аз тири ададӣ, ки сифр нест, ин функсия низ мутаносибии чаппа ном дорад.
Аз ҷадвал дида мешавад, ки ба қиматҳои мусбати x қиматҳои мусбати y мувофиқ омада, ҳангоми аломати манфӣ доштани x бузургии y низ аломати худро ба муқобил иваз менамояд, яъне
y(−x)=−y(x).
3) Камшаванда будан. Қимати мусбати x чӣ қадаре калон бошад, қимати мувофиқи y ҳамон қадар хурд аст. Масалан, агар x=10 бошад, y=0,2; агар x=100 бошад, y=0,02; агар x=10000 бошад, y=0,0002. Яъне ҳангоми мусбат будан ва афзудани x бузургии y кам мешавад, ё ки чӣ тавре мегӯянд, функсия камшаванда аст. Ҳангоми ба сифр наздик шудани x қимати y меафзояд: агар x=0,01 бошад, y=200; агар x=0,0001 бошад, y=20000.
Инро исбот кардан осон аст. Бигзор 0<x1<x2. Он гоҳ
y1−y2=x12−x22=x1x22(x2−x1)0,
зеро сурат ва махраҷ мусбатанд. Яъне y1>y2: ҳангоми афзудани x қимати y кам мешавад. Агар x1<x2<0 бошад, x1x2>0 ва x2−x1>0, пас y1>y2 ҳамин тавр мебарояд: барои қиматҳои манфии x функсия низ камшаванда аст.
Акнун худатон ҷадвалро пур кунед ва нуқтаҳоро пайваст намоед. Ҳангоми x=0 диққат диҳед:
Мутаносибии чаппа: ҷадвал ва графиксанҷида бин!
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Функсия бо формулаи y=x4 дода шудааст. Ҷадвалро пур кунед:
x
y
−4
?
?
−2
−0,2
?
2
?
4
?
?
0,4
20
?
2. Мутаносибии чаппа бо формулаи y=x100 дода шудааст. Ҷадвалро пур намоед:
4. Маълум, ки функсия мутаносибии чаппа аст ва ба қимати 4 баробари аргумент қимати 10 баробари функсия мувофиқ меояд. Ин функсияро бо формула ифода намоед.
Дар хона
5. Суръати қатора v км/соат буда, масофаи 500 км-ро дар t соат тай менамояд. Формулаеро нависед, ки он вобастагии: а) v-ро аз t; б) t-ро аз v ифода менамояд.
Агар y=3x бошад, x=2 ва x=4 ҳангоми y чанд аст? Вақте x ду маротиба зиёд мешавад, y чӣ мешавад?
Ҳисоб кунед: 312,−412,
Оё ифодаи x5 ҳангоми x=0 маъно дорад?
Ҷавобҳо
y=6 ва y=12;y низ ду маротиба зиёд мешавад. 2) 4,−3, 3) Не, ба сифр тақсим кардан мумкин нест.
Вазъият барои андешаронӣ
Масоҳати росткунҷа 20 см2 аст. Агар дарозиаш x см бошад, бараш чанд сантиметр аст? Ҷадвали якчанд ҷуфтро нависед. Вақте дарозӣ зиёд мешавад, бар чӣ мешавад?
Таъриф
Бузургиҳои тағйирёбандаи x ва yмутаносибан чаппа номида мешаванд, агар ҳосили зарби қиматҳои мувофиқи онҳо ба адади доимии ғайрисифрӣ баробар бошад.
Расми 1. Нуқтаҳои графики функсияи y = 2/x: сурхҳо барои x мусбат, кабудҳо барои x манфӣ.
Дар хотир доред
Функсия дар ҳар як қисми соҳаи муайянии худ (x<0 ва x>0) камшаванда аст, вале дар тамоми соҳа не: масалан, y(−1)=−2<y( Барои ҳамин «функсия камшаванда аст» мегӯем ҳар як қисмро алоҳида дида.
худро санҷ1 хол
Функсияи y = 12/x: ҳангоми x = 3 қимати y = ; ҳангоми x = −4 қимати y = ; ҳангоми x = 0,5 қимати y = .
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Графики функсияи y=xk аз нуқтаи (−3;4) мегузарад. k чанд аст?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Функсияи y=x6 қимати 0-ро қабул мекунад.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Кадом формула мутаносибии чаппаро ифода мекунад?
Як ҷавобро интихоб кунед
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан