Паҳни сатҳи паҳлуӣ
Агар сатҳи паҳлуии силиндрро аз рӯйи ягон ташкилдиҳанда бурем ва дар ҳамворӣ паҳн кунем, росткунҷа ҳосил мешавад, ки дарозиаш ба дарозии давраи асос () ва бараш ба ташкилдиҳанда () баробар аст (расми 1). Ин росткунҷаро паҳни (густардаи) сатҳи паҳлуии силиндр меноманд.
Масоҳати сатҳи каҷ то ҳол муайян нашудааст, барои ҳамин онро ба масоҳати паҳн баробар қабул мекунем. Дар охири сол (мавзӯи 36) ин қабул бо интеграл асоснок карда мешавад.
Масоҳати сатҳи пурра: ду асос ( ҳар кадом) ва сатҳи паҳлуӣ: