Масъалаҳо бо модели математикӣ
Барои ҳалли масъала шартро дар ҷадвал менависем:
- Маълум: ададҳо ва муносибатҳо аз шарт.
- Номаълум: ҳарфи — яке аз миқдорҳо; дигар миқдорҳо бо ифода мешаванд.
- Модел: муодила аз шарти асосии баробарӣ.
Масъалаи 1. Шумораи себҳои халтаи якум аз шумораи себҳои халтаи дуюм 3 маротиба зиёд буд. Баъди аз халтаи якум 48 дона себ гирифта, ба халтаи дуюм андохтан шумораи себҳои ҳар ду халта баробар шуд. Дар аввал ҳар як халта чандтогӣ себ дошт?
Агар шумораи себҳои халтаи дуюмро бо ишора кунем, дар халтаи якум 3 маротиба зиёд, яъне дона себ будааст. Баъди аз халтаи якум ба халтаи дуюм андохтани 48 дона себ дар халтаи якум дона боқӣ монд ва дар халтаи дуюм дона шуд. Аз рӯйи шарт шумораи себҳо баробар гардид: