Муқоисаи ифодаҳои ададӣ
Ифодаҳои ададиро бевосита муқоиса кардан мумкин аст: амалҳои дар онҳо омадаро иҷро карда, қиматҳоро ёфта, қиматҳоро муқоиса мекунанд.
Масъалаи 1. Мошин аз шаҳраки Панҷ то шаҳри Кӯлоб бо суръати доимии 36 км/соат ҳаракат карда, 123 км-ро тай кард. Агар вай масофаи байни марказҳои Панҷ ва Душанберо, ки 208 км аст, бо суръати доимии 65 км/соат тай мекард, вақти бештар сарф мекард ё камтар?
Агар масофаро ба суръат тақсим кунем, вақти сарфшуда ҳосил мешавад. Барои Панҷ — Кӯлоб: