Забони математикӣ
Одамон бо забон байни якдигар гуфтугӯ мекунанд, фикр ва ҳиссиёти худро баён мекунанд. Дар ҷаҳон қариб 2000 забони гуногун ҳаст. Ин забонҳоро забонҳои табиӣ меноманд, чунки онҳо якҷоя бо одамон пайдо шуда, бо инкишофи ҷамъият тараққӣ мекунанд. Баробари ин, забонҳое ҳастанд, ки бо пайдоиши илмҳо ба вуҷуд омада, бо онҳо инкишоф меёбанд. Забони математикӣ яке аз онҳост. Шумо дар омӯзиши математика бо он ошно шудаед ва минбаъд низ бештар ошно мешавед.
Забони математикӣ алифбои худро дорад. Ҷои ҳарфҳоро дар он рамзҳои махсуси математикӣ иваз мекунанд. Пеш аз ҳама, ин рамзҳо рақамҳои мебошанд, ки бо онҳо ададҳо навишта мешаванд. Инчунин, шумо бо рамзҳои ва қавсҳо шинос шудаед. Дар забони математикӣ бештар ҳарфҳои алифбои лотинӣ истифода мешаванд: бо онҳо нуқтаҳо, порчаҳо, хатҳои рост, кунҷҳо ва тағйирёбандаҳоро ишора мекунем. Аз ин рӯ, донистани ҳарфҳои лотинӣ барои шумо зарур аст.