2. Дар анбор 32,45 т бор буд. Рӯзи дигар ба он аввал 0,250 т ва боз 1,345 т бор оварданд. Массаи борҳои анбор чӣ қадар шуд?
3. Ду шахс, яке савори велосипеду дигаре савори асп, бо як роҳ ба пешвози ҳамдигар ҳаракат доранд. Ҳоло масофаи байни онҳо 36 км аст. Агар асп бо суръати 8 км/соат ва велосипед бо суръати 10 км/соат равона бошанд, онҳо пас аз чанд вақт бо ҳам вомехӯранд?
Дар хона
4. Дар се рӯз 830 кг афлесун фурӯхтанд: рӯзи дуюм назар ба рӯзи якум 30 кг камтар, вале рӯзи сеюм назар ба рӯзи дуюм 3 маротиба зиёдтар. Рӯзи аввал чӣ қадар афлесун фурӯхта шуд?
5. Катер бо равиши ҷараён дар муддати 4,5 соат масофаи ба 121,5 км баробарро тай кард. Агар он дар 6 соати ба муқобили ҷараён шино кардааш масофаи 132 км-ро тай карда бошад, суръати ҷараёни дарё ва суръати он дар оби ором чанд аст?
6. Сайёҳ дар муддати 4 рӯз 72 км роҳ рафт. Ӯ рӯзи аввал 125 ҳисса ва рӯзи дуюм аз шаш як ҳиссаи тамоми роҳро тай кард. Рӯзҳои сеюм ва чорум роҳҳои тайкардаи ӯ баробар буданд. Рӯзи чорум сайёҳ чӣ қадар роҳ рафт?
7. Периметри секунҷа 23 см аст. Яке аз тарафҳои он назар ба тарафи дуюм ва сеюмаш 5 сантиметрӣ дарозтар аст. Дарозии тарафҳои секунҷаро ёбед.
8. Автобус аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҷайҳун бо суръати миёнаи 43,2 км/соат равона шуд. Пас аз 0,7 соат аз дунболи вай мошини боркаш бо ҳамон самт ба роҳ баромад. Дар масофаи 151,2 км аз шаҳри Душанбе мошини боркаш аз автобус гузашт. Суръати миёнаи ҳаракати мошини боркашро ёбед.
9. Як адад аз адади дигар 0,6 воҳид калон аст. Агар миёнаи арифметикии ин ду адад 2,4 бошад, ададҳои номаълумро ёбед.
10. Қимати ифодаҳоро ёбед:
а) (5,98+5,36):2,8:(5⋅0,003+15⋅0,029);
б) 62,3+(70,2−4,4⋅(73,73:7,3))⋅1,6.
11. Амалҳоро иҷро намуда, натиҷаро бо калкулятор санҷед:
а) (28,376+35,99:5,9−3,45⋅2,8):3,52;
б) (6,4⋅8,25−32,396+35,51:5,3):4,48.
12. Қимати ифодаро ёбед:
а) 18,305:0,7−0,0368:0,4+0,492:1,2;
б) (0,0288:1,8+0,7+0,7⋅0,12)⋅35,24;
в) (15,964:5,2−1,2)⋅0,1;
г) (21,62⋅3,5−52,08:8,4)⋅0,5.
13. Дарозиву бари росткунҷа 5,6 м ва 283 м мебошанд. Бари росткунҷаеро ёбед, ки дарозиаш 3,2 м буда, масоҳаташ ба масоҳати ҳамин росткунҷа баробар бошад. Ишора: 283=2,375.
14. Барои 18,75 м шоҳӣ ва 7,5 м сатин 2 025 сомонӣ талаб карданд. Агар барои шоҳӣ назар ба сатин 12,5 маротиба зиёд пул талаб карда шуда бошад, нархи 1 м шоҳӣ ва 1 м сатин чӣ қадар буд?
Барои боҳавасон
15. Муодиларо ҳал кунед:
а) 2+52x−151=254;
б) ★ (131+32)⋅x
16*. Чарх дар масофаи 48 м чанд маротиба тоб мехӯрад, агар дарозии давраш: а) 43 м, б) 256 м, в) 54 м бошад? Ишора: 43=0,75;256
17. Миёнаи арифметикии се адад 8,9 аст. Адади сеюм аз дуюм ва адади дуюм аз якум 0,7 воҳид калонанд. Ин ададҳоро ёбед.
18. Амалҳоро иҷро кунед:
а) 408⋅2700+21008:808;
б) 71370:234+695⋅50;
в) 280084:28−125⋅8;
г) 328+541350:450;
ғ) (31460+1040):(150−2400:120);
д) (78213−75209)⋅207−5⋅308;
е) (992341:269+780)−325:5;
ё) 434280:517⋅306+27449.
19. Квартира ду хона дорад. Дарозии хонаи калонӣ 5,3 м буда, бараш 4 м аст. Дарозии хонаи хурдӣ 4 м буда, бараш 3,3 м аст. Масоҳати хонаи хурдӣ аз масоҳати хонаи калон чӣ қадар кам аст?
20. Қатора 4 соат бо суръати 80,75 км/соат ва 4 соат бо суръати 72,2 км/соат ҳаракат кард. Суръати миёнаи ҳаракати қатора ёфта шавад.
Ман метавонам ифодаҳои дорои касрҳои одӣ ва даҳиро ҳисоб кунам.
Ман метавонам қавсҳоро дуруст гузорам.
Ман метавонам масъалаҳои омехтаро ҳал кунам.
Ман мефаҳмам, ки чаро 31 касри даҳии аниқ надорад.
худро санҷ1 хол
Дар анбор 32,45 т бор буд. Рӯзи дигар ба он аввал 0,250 т ва боз 1,345 т бор оварданд. Массаи борҳои анбор чӣ қадар шуд (т)?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Ду шахс, яке савори велосипеду дигаре савори асп, бо як роҳ ба пешвози ҳамдигар ҳаракат доранд. Ҳоло масофаи байни онҳо 36 км аст. Агар асп бо суръати 8 км/соат ва велосипед бо суръати 10 км/соат равона бошанд, онҳо пас аз чанд соат бо ҳам вомехӯранд?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Катер бо равиши ҷараён дар 4,5 соат 121,5 км ва дар 6 соати ба муқобили ҷараён шино карданаш 132 км-ро тай кард. Суръати ҷараёни дарё км/соат ва суръати катер дар оби ором км/соат аст.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Қавсҳоро дар куҷо гузорем, то баробарӣ дуруст шавад: 24+36:2⋅3=30?
Як ҷавобро интихоб кунед
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан