Қисми бутуни тақсимшаванда дар ин мисол низ аз тақсимкунанда хурд аст. Бинобар ҳамин, натиҷа аз қисми бутуни 0 оғоз меёбад. Ҳар гоҳ ки тақсимшавандаи ҷузъӣ аз 32 хурд бошад, дар ҳосили тақсим 0 менависем ва рақами навбатиро мефурорем:
2,246592 : 32
КУНҶАКӢ
2246592|32
-224 |0,070206
───
65
-64
──
192
-192
───
0
Ҳамчун ададҳои натуралӣ тақсим мекунем
сатр 1
Ба вергул аҳамият надода тақсим мекунем (дар сутун рақамҳоро бе вергул менависем). Вергулро дар ҳосили тақсим ҳамин ки тақсими қисми бутун тамом шуд, мегузорем.
1. ★ Тарафҳои росткунҷаи якум 6,4 см ва 12 см мебошанд. Масоҳати росткунҷаи дуюм аз масоҳати росткунҷаи якум 8 маротиба хурд аст. Агар бари росткунҷаи дуюм 1,6 см бошад, дарозиашро ёбед. Ишора: 9,6:1,6=96:16.
2. Шахсе аз бозор 3 кг олуча ва 5 кг гелос харид. Агар нархи 1 кг олуча 1,5 сомонӣ буда, маблағи барои хариди гелос сарфшуда аз маблағи барои хариди олуча сарфшуда 2 маротиба зиёд бошад, нархи 1 кг гелос чанд аст?
3. Дар ду халта 36,8 кг шакар буд. Баъд аз он ки аз халтаи якум 4,4 кг шакарро гирифта ба халтаи дуюм рехтанд, миқдори шакар дар ҳар ду халта баробар шуд. Ҳар як халта чӣ қадар шакар дошт?
4. Муодилаҳоро ҳал кунед:
а) 6x−17,6=8,8;
б) 2x+x−6,16=9,02;
в) 2x+2x+x=15,5.
5. Банди дарозиаш 28,6 метрро ба чунин ду қисм ҷудо намудан лозим аст, ки яке аз дигараш 4,8 м дарозтар бошад. Ҳар як қисм чӣ қадар дарозӣ дорад?
Дар хона
6. Муодилаҳоро ҳал кунед:
а) 4x=4,48;
б) 7x=0,49;
в) 12x=0,036;
г) ★ 1,05y=35 (ҷавобро то садякӣ яклухт кунед);
ғ) 13(y−3)=295,1;
д) 3,24:(y−2)=18.
7. Бригада дар 3 рӯз 8 760 кг пахта чид. Рӯзи аввал 2 430 кг, рӯзи дуюм аз рӯзи сеюм дида 2 маротиба камтар. Бригада рӯзи сеюм чӣ қадар пахта чид?
8. Аз се майдон 48,5 т картошка ҷамъоварӣ намуданд. Аз майдонҳои якуму сеюм баробар, вале аз майдони дуюм назар ба ҳар яке аз ду майдони дигар 2,6 т зиёдтар картошка ҷамъ оварда шуд. Аз майдони сеюм чӣ қадар картошка ҷамъ оварда шуд?
9. Катер дар 3 соати ба муқобили ҷараёни об шино карданаш 82,2 км масофаро тай кард. Агар суръати ҷараёни об 2,6 км/соат бошад, суръати катерро дар оби ором ёбед.
Барои боҳавасон
10*. Халтача 3,6 кг шакар дорад. Дар наздаш тарозуи дупалладор ва якто санги массааш 200 г гузошта шудааст. Шакарро бо се баркаш ба се ҳиссаи массаҳояшон 800 г, 800 г ва 2 кг ҷудо намудан лозим аст. Ин корро чӣ тавр иҷро намудан мумкин аст?
11*. Ду чӯпон ният доранд, 14 л ширро, ки дар зарфи ғунҷоишаш 16 л мавҷуд аст, ба ду ҳиссаи баробар тақсим намоянд. Онҳо боз яктогӣ зарфҳои ғунҷоишҳошон 8 л ва 5 л доранд. Онҳо ин ниятро ба воситаи ҳамин се зарф чӣ тавр амалӣ сохта метавонанд?