Тақсими касри даҳӣ ба касри даҳӣ
Ҳал. Масоҳат ва бари росткунҷаро бо мм ифода мекунем: 5,76 см² = 576 мм² ва 4,8 см = 48 мм. Ҳамин тавр, дарозии росткунҷа 576 : 48 = 12 мм = 1,2 см аст. Азбаски аст, пас мо чунин адади 1,2-ро ҳосил намудем, ки он ба нисбати 5,76 ба 4,8 ё ба ҳосили тақсими 5,76 ва 4,8 баробар аст:
Адади 1,2-ро бо тарзи дигар низ ҳосил намудан мумкин. Кифоя аст, ки тақсимшаванда 5,76 ва тақсимкунанда 4,8-ро ба 10 зарб зада, адади 57,6-ро ба 48 тақсим кунем: