Миёнаи арифметикӣ
Ададҳои 6 ва 12-ро ҷамъ карда, натиҷаашро ба шумораи онҳо тақсим мекунем:
Ададҳои 1,25; 6,22 ва 3,03-ро ҷамъ карда, натиҷаро ба шумораи ин ададҳо тақсим мекунем:
1 соат
Ададҳои 6 ва 12-ро ҷамъ карда, натиҷаашро ба шумораи онҳо тақсим мекунем:
Ададҳои 1,25; 6,22 ва 3,03-ро ҷамъ карда, натиҷаро ба шумораи ин ададҳо тақсим мекунем:
Умуман, агар якчанд ададро ҷамъ карда, натиҷаашро ба шумораи умумии ададҳо тақсим кунем, адади ҳосилшударо миёнаи арифметикии ин ададҳо меномем. Масалан, адади 9 миёнаи арифметикии ададҳои 6 ва 12 аст. Адади 3,5 миёнаи арифметикии ададҳои 1,25; 6,22 ва 3,03 мебошад.
Миёнаро ба сутунҳо монанд кардан мумкин: агар сутунҳои баландро паст ва сутунҳои пастро баланд карда, ҳамаро баробар кунем, баландии умумӣ — миёна аст. Аз ин рӯ миёна ҳамеша байни адади хурдтарин ва калонтарин ҷойгир аст.
Барои онҳое, ки ба ёрӣ ниёз доранд
Барои ҳама
1. Пиёдарав соати аввал 8 км ва соати дуюм 6 км роҳ рафт. Суръати миёнаи ҳаракати ӯро дар ин ду соат ёбед.
2. Миёнаи арифметикии ададҳоро ёбед: а) 13 ва 15; б) 17 ва 28; в) 63; 64 ва 65; г) 1; 13 ва 19.
3. Миёнаи арифметикии ададҳоро ёбед:
4. Миёнаи арифметикии ададҳоро ёфта, онҳоро то садякӣ яклухт кунед:
5. Дарозии хонаи истиқоматиатонро бо метр ва қадами худатон чен карда, дарозии миёнаи як қадаматонро ёбед.
6. Миёнаи арифметикии маблағҳои нишондодашударо ёбед:
7. Дарозии тамоми роҳ 28 км аст. Аз чор се ҳиссаи он бо асфалт пӯшонида шудааст. Чанд километри роҳ асфалтпӯш нест?
8. Секунҷаи дар расми 1 тасвирёфтаро то росткунҷа пурра созед. Масоҳати секунҷаро ёбед ва онро бо масоҳати росткунҷа қиёс намоед. Чӣ хулоса баровардед?
Саволи калидӣ: миёнаи арифметикӣ чиро нишон медиҳад?
Дар се рӯз Нигина 2, 5 ва 8 саҳифа китоб хонд. Агар вай ҳар рӯз баробар мехонд, рӯзе чанд саҳифа мехонд?
Кӯшиш мекунем:
Нисбати суммаи якчанд адад ба шумораи онҳо миёнаи арифметикии ин ададҳо номида мешавад.