14.5. Тақсими касри даҳӣ ба воҳидҳои разрядӣ - Математика — синфи 5
Тақсим ба 10, 100, 1 000
Тақсими касри даҳӣ ба воҳидҳои разрядии 10, 100, 1 000 ва ғайра ба кӯчонидани вергул ба самти чап меорад.
Мисоли 1. Касри 4,25-ро ба 10 тақсим мекунем.
Аввал вергулро ба эътибор нагирифта, адади 425-ро ба 10 тақсим мекунем: 425:10=42,5. Тавре мебинем, ҳангоми ба 10 тақсим кардани касри даҳӣ кифоя аст, ки вергулро ба як рақам ба самти чап кӯчонем. Ҳамин тавр, 4,25:10=0,425 аст.
Барои тақсим кардани касри даҳӣ ба 100 кифоя аст, ки вергул ба ду рақам ба самти чап кӯчонида шавад. Масалан,
навбатӣ14.6 · 1/3. Тақсими касри даҳӣ ба касри даҳӣ
1 соат
8,654:
100=
0,08654.
Барои тақсим кардани касри даҳӣ ба 1 000 кифоя аст, ки вергул ба се рақам ба самти чап ҷой иваз кунад ва ғ. Масалан,
2,3279:1000453,7012:10000=0,0023279;=0,04537012. Мисоли 2. Адади 9,741-ро ба 1 000 тақсим мекунем.
Барои ин дар касри 9,741 вергулро ба се рақам ба чап кӯчонидан лозим аст. Вале дар ин каср дар самти чапи вергул танҳо як рақам аст. Барои ҳамин, аввал пеш аз рақами 9 дуто 0 навишта, баъд вергулро дар асоси қоида мекӯчонем:
9,741:1000=009,741:1000=0,009741. Мисоли 3. 36 м:1000=0,036 м. Дар адади 36 вергул пас аз рақами 6 аст. Вергулро аз ду рақам ба чап мегузаронем ва барои рақами сеюм пеш аз 3 сифр менависем: 036:1000=0,036.
Кор дар синф
Барои онҳое, ки ба ёрӣ ниёз доранд
Барои онҳое, ки мехоҳанд масъалаи мураккабтар ҳал намоянд
Машқҳо
Дар синф
1. Ададҳоро ба 10 тақсим кунед: 15; 16,1; 162,4; 328; 1 678,2; 2 495; 0,473.
2. Ададҳоро ба 100 тақсим кунед: 36; 367; 2 478; 3,6; 3,67; 35,9; 316.
3. Ададҳоро ба 1 000 тақсим кунед: 49; 452; 45; 67; 1 289,3; 146,146; 0,257; 0,0008.
4. Ададҳоро ба 10 000 зарб занед: 4 576,2; 3 084,45; 245,003; 0,6547; 0,004.
5. Қимати ифодаи 72x-ро ёбед, агар x=10; 100; 1 000 бошад.
6. Қимати ифодаи 100⋅x−p-ро ёбед, агар:
- а) x=0,01, p=0,1;
- б) x=10,62, p=1000 бошад.
7. Ададҳоро бо рақам нависед: а) «Ҳашту аз сад сиву се ҳазор»; б) «Як миллиарду аз миллион як».
8. Ададҳоро ба 0,1; 0,01; 0,001 зарб занед: 0,6; 2,64; 13,76; 243,59; 0,03; 0,777; 12 487.
Дар хона
- 12,3:10; 18,13:10; 3,28:10; ★ 0,10:0,10;
- 124:100; 308:100; 42,42:100; ★ 2,5:100 ();
- 1245:1000; 45,56:1000; 4,765:1000;
10. Қимати ифодаи 7,64:x-ро ёбед, агар x=10; 100; 1 000; 10 000 бошад.
11. Барои ҷамъ овардани 100 г асал занбӯри асал, тақрибан, 1 млн гулро мечашад. Аз як дона гул вай чӣ қадар асал ҷамъ меоварад?
12*. Харидор 12 сомонӣ дошт. Вай нон, намак ва гӯгирд харид. Барои нон 0,1; барои намак 0,24 ва барои гӯгирд 0,01 ҳиссаи пулҳояшро сарф кард. Чанд пули дигараш боқӣ монд?
13. Бузургиҳоро 10, 100, 1 000 маротиба хурд кунед: 4 кг; 74 км; 160 соат; 400 сентнер.
14. ★ Дарозии росткунҷа 30 см ва бараш 20 см мебошад. Агар дарозии онро бо 0,1 зарб занему барашро ба 0,1 тақсим кунем, оё масоҳати росткунҷа тағйир меёбад? Ишора: тақсим ба 0,1 — ин зарб бо 10.
15. ★ Суммаи ду адад 63,8 аст. Агар адади хурдро ба адади калон тақсим кунем, 0,1 ҳосил мешавад. Ин ададҳоро маълум намоед. Ишора: адади хурд аз калон 10 маротиба хурд аст.
Барои боҳавасон
16*. Аз донаҳои гӯгирд чор квадрат сохта шудааст (расми 1). Ҷойи чор донаи гӯгирдро тавре дигар кунед, ки се квадрат ҳосил шавад.
17. Суммаи се адади пай дар пайи натуралӣ 138 аст. Ин ададҳоро ёбед.
18. Заврақи мотордор аввал 5 соат ба муқобили самти ҷараёни дарё ва баъд 3 соат бо равиши ҷараёни он шино карда, 88 км масофаро тай кард. Агар суръати ҷараёни об 4 км/соат бошад, суръати ҳаракати заврақро дар оби ором ёбед.
Машқҳо барои такрор
19. Амалҳоро иҷро намоед:
- а) 0,7516:32;
- б) 0,2020:20;
- в) 0,8:3215 (натиҷаро то даҳҳазорякӣ яклухт кунед);
- г) 31,28:10.
20. Майдони кишт 45 га аст. Дар 54 ҳиссаи он гандум ва дар қисми боқимондааш ҷав коштанд. Дар чанд га ҷав кошта шуд?
21. Ман ададеро фикр кардам. Агар ба он дучанда ва сечандаашро ҷамъ кунам, 36 ҳосил мешавад. Адади фикркардаи маро ёбед.
22. ★ Муодилаҳоро ҳал кунед:
- а) 6⋅(2x−3)+2⋅(4−3x)=26 (ишора: қавсҳоро кушоед: 12x−18+8−6x=26);
- б) 85⋅(52x−1,2 (
Вазифаи хонагӣ
- Аз қисми «Машқҳо»-и ҳамин саҳифа: № 9–13 ва барои ҳавасмандон № 14, 15.
- Агар омӯзгор вазифаи онлайн супорида бошад, онро дар саҳифаи «Супоришҳо» мебинед.
Хулоса
- Ҳангоми тақсим ба 10, 100, 1 000 вергул ба 1, 2, 3 рақам ба чап мегузарад.
- Агар рақамҳо нарасанд, пеш аз адад сифр менависем: 9,741:1000=0,009741.
- Тақсим ба 10, 100, 1 000 ҳамон зарб бо 0,1; 0,01; 0,001 аст.
Дар ин дарс
- Ман медонам қоидаи тақсими касри даҳӣ ба 10, 100, 1 000 ва ғ.
- Ман медонам, ки тақсим ба 10, 100, 1 000 маънои зарб бо 0,1; 0,01; 0,001-ро дорад.
- Ман метавонам касри даҳиро ба 10, 100, 1 000 дар хаёл тақсим кунам ва лозим бошад, пеш аз адад сифр нависам.
- Ман мефаҳмам, ки чаро ҳангоми тақсим вергул ба чап мегузарад.
Саволи калидӣ: тақсим ба 100 ба зарб бо 100 чӣ алоқа дорад?
Такрор (2 дақиқа)
- 425:10=?
- 0,425⋅10=?
- 1,6:4=?
- 54 ҳиссаи 45 га чанд га аст?
Ҷавобҳо
- 42,5; 2) 4,25; 3) 0,4; 4) 36 га.
Вазъият барои андешаронӣЯк халтаи 4,25 кг биринҷро ба 10 бастаи баробар ҷудо карданд. Як баста чанд кг аст? Агар ҳамин биринҷро ба 100 баста ҷудо мекарданд-чӣ?
Кӯшиш мекунем:
- 4,25 кг = 4 250 г. 4250:10=? г = ? кг
- 4250:100=? г = ? кг
- Вергул дар ҳар ҳолат чанд рақам ва ба кадом тараф ҷой иваз кард?
Ҳангоми тақсим ба 10 ҳар рақам як разряд ба рост мегузарад (10 маротиба хурд мешавад); холигиҳои пеш аз адад бо 0 пур мешаванд.ҚоидаБарои тақсим кардани касри даҳӣ, мувофиқан ба 10, 100, 1 000 ва ғ., кифоя аст, ки дар касри даҳӣ вергул, мувофиқан ба як рақам, ду рақам, се рақам ва ғ. ба самти чап кӯчонида шавад.
Дар хотир доредТақсим кардани касри даҳӣ ба 10, 100, 1 000 ва ғ. маънои ба 0,1; 0,01; 0,001 ва ғайра зарб задани онро дорад, зеро 101=0,1; 100 ва ғайра мебошад. Масалан,
Расми 1. Чор квадрат аз 12 донаи гӯгирд.Калимаҳои калидӣтақсим ба воҳидҳои разрядӣкӯчонидани вергул ба чап0,10,010,001
Ман дар ин дарс чӣ омӯхтам?Чаро 9,741:1000=0,009741 аст? Пеш аз 9 чанд сифр навиштем ва чаро?
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):
- Ман қоидаи тақсим ба 10, 100, 1 000-ро медонам.
- Ман медонам, ки тақсим ба 10 ҳамон зарб бо 0,1 аст.
- Ман метавонам касри даҳиро ба 10, 100, 1 000 дар хаёл тақсим кунам.
- Ман метавонам бузургиҳоро 10, 100, 1 000 маротиба хурд кунам.
- Ман мефаҳмам, ки чаро вергул ба чап мегузарад.
:
0,001
ишора: тақсим ба 0,001 — ин зарб бо 1 000
3:1000;
0,3:1000. )
−
3,6=
17
ишора: 85=0,625, 52=0,4). 1
=
0,01;
10001=0,001 0,6⋅0,01=0,6:100=0,006.