Суръати миёна
Масъалаи 1. Сайёҳ бо мошин 4 соат ҳаракат кард. Ӯ дар соати аввал 43 км, дар соати дуюм 46,64 км, дар соати сеюм 47,18 км ва дар соати чорум 35,76 км масофаро тай кард. Агар ӯ ҳамин масофаро бо суръати якхела дар 4 соат тай мекард, бояд мошинашро бо кадом суръат меронд?
Ҳал. Масофаи тайкардаи мошин дар чор соат ба км баробар аст. Барои ҳалли масъала роҳи тайшударо ба вақт тақсим намудан лозим аст. Ҳосил мекунем: км/соат. Агар сайёҳ масофаи 172,58 км-ро бо суръати доимӣ тай мекард, суръат мебоист 43,145 км/соат бошад.