Зарби ду касри даҳӣ
Ҳалли масъалаи 1. Азбаски 0,25 кг = кг = кг буда, нархи 1 кг кулчақанд 4 сомонию 60 дирам аст, пас барои ёфтани нархи 0,25 кг кулчақанд 4 сомонию 60 дирамро ба 4 тақсим намудан лозим мебошад:
1 соат
Ҳалли масъалаи 1. Азбаски 0,25 кг = кг = кг буда, нархи 1 кг кулчақанд 4 сомонию 60 дирам аст, пас барои ёфтани нархи 0,25 кг кулчақанд 4 сомонию 60 дирамро ба 4 тақсим намудан лозим мебошад:
Ҳамин натиҷаро ҳосил мекунем, агар ададҳои 4,6 ва 0,25-ро бо ҳам зарб занем: Ҳамин тавр, харидор бояд барои 0,25 кг кулчақанд 1 сомонию 15 дирам диҳад.
Масъалаи 2. Дарозии росткунҷа 17,5 дм буда, бараш 3,5 дм аст. Масоҳати росткунҷаро меёбем.
Ҳал. Дарозӣ ва бари росткунҷаро бо сантиметр ифода менамоем: 17,5 дм = 175 см; 3,5 дм = 35 см. Масоҳати чунин росткунҷа ба 175 см · 35 см = 6 125 см² баробар аст. Азбаски 1 дм² = 100 см² аст, пас 1 см² = дм² мешавад. Аз ин рӯ,
Ҳамин тавр муайян намудем, ки аст.
Мушоҳида мекунем. Чаро аст, на 1,2? Квадрати тарафаш 1-ро ба 100 катак ҷудо мекунем. 3 сутун — 0,3-и бар, 4 сатр — 0,4-и дарозӣ. Росткунҷаи ҳамагӣ 12 катакро аз 100 мепӯшонад, яъне -и квадратро:
Ҳосили зарби ду адади аз 1 хурд аз ҳар яки онҳо хурд аст: 0,12 аз 0,3 ва аз 0,4 хурд аст. Ҳамин тавр, — нисфи нисф, яъне чоряк.
Барои онҳое, ки ба ёрӣ ниёз доранд
Барои ҳама
1. Амали зарбро иҷро намоед:
2. Тарафи квадрат ба дарозии росткунҷа баробар аст. Агар масоҳати росткунҷа 48,5 см² буда, бараш 4,85 см бошад, масоҳати квадратро ёбед. Ишора:
3. Нархи 1 кг зардолу 1,5 сомонӣ буд. Нархи 1,2 кг, 3,4 кг, 8,6 кг зардолу чанд сомонӣ буд?
4. Массаи 1 см³ оҳан 7,9 г аст. Массаи пораи оҳани ҳаҷмаш 2,5 см³; 6,2 см³; 15,8 см³ чанд аст?
5. Амалҳоро иҷро намоед:
6. Масоҳати майдони росткунҷаро ёбед, агар дарозиаш 12,65 м буда, бараш 18,24 м бошад.
7. Аз бозор 4,5 кг картошка ва 12,5 кг сабзӣ хариданд. Нархи 1 кг картошка 1,4 сомонӣ ва нархи 1 кг сабзӣ 0,85 сомонӣ буд. Барои ҳамаи харид чанд сомонӣ доданд?
8. Ададҳоро яклухт намоед:
9. Амалҳоро иҷро намоед:
Саволи калидӣ: чаро аз 0,5 хурд аст?
Масъалаи 1. Нархи 1 кг кулчақанд 4 сомонию 60 дирам аст. Шахсе 0,25 кг кулчақанд харид. Ӯ бояд чӣ миқдор пул диҳад?
Кӯшиш мекунем:
Барои зарб задани як касри даҳӣ бо дигараш ба вергул аҳамият надода, касрҳоро ҳамчун ададҳои натуралӣ зарб задан лозим аст. Шумораи рақамҳои дар ҳосили зарб пас аз вергул оянда бояд ба шумораи якҷояи рақамҳои пас аз вергул дар зарбшавандаҳо мавҷуд буда баробар шавад.
Зарбро иҷро кунед:
Зарбро иҷро кунед:
Зарбро иҷро кунед:
Фаррух навишт: Ҷавоби дуруст кадом аст?