3. Дарозии росткунҷа 45 см буда, бараш 89,72 см аст. Масоҳати росткунҷаро ёбед ва адади ҳосилкардаатонро то даҳякӣ яклухт кунед.
4. Қимати ифодаро ёбед:
а) (14,42−9,785)⋅12+3,642;
б) 0,14⋅(17,3+113,7)−16,2508.
5. Тарафи секунҷаи баробартараф 42,38 см аст. Периметрашро ёбед.
6. Аз ду деҳаи аз ҳам дар дурии 16 км ҷойгирбуда дар як лаҳзаи вақт ба пешвози ҳам ду пиёда равон шуд. Суръати ҳаракати яке аз онҳо ба 3,4 км/соат ва аз дигараш ба 4,6 км/соат баробар буд. Пиёдаҳо пас аз чанд соат вохӯрданд? Ҷойи вохӯрии онҳо аз ин деҳаҳо чӣ қадар дур ҷойгир аст?
10. Масъалае фикр кунед, ки ҳалли он ба зарби ададҳои зерин биёрад:
а) 15⋅14,68;
б) 0,832⋅125.
11. Масоҳати майдони якум 22,5 га ва масоҳати майдони дуюм аз он 6 га зиёдтар аст. Агар аз ҳар га майдони якум 25 сентнерӣ ва аз ҳар га майдони дуюм 30 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнида бошанд, ҳамагӣ чанд тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст?
13. Дар байни 1 ва 2 кадом аломати математикиро гузоштан лозим аст, то адади аз 1 калону аз 2 хурд ҳосил шавад?
14. Яке аз се хоҷагии пахтакор 3 025 т, хоҷагии дуюм аз он 2,4 маротиба зиёдтар ва хоҷагии сеюм аз хоҷагии дуюм 820 т камтар пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ҳар се хоҷагӣ дар якҷоягӣ чӣ қадар пахта ҷамъоварӣ намуданд?
15*. Дар доирачаҳои секунҷаи дар расми 1 тасвирёфта ададҳои ғайринулии якрақамаро тавре нависед, ки суммаҳои онҳо аз рӯйи ҳар се тарафи секунҷа бо ҳам баробар шавад. Яке аз ҳалҳои масъаларо пешниҳод кунед.
Дарозии росткунҷа 45 см, бараш 89,72 см. Масоҳати росткунҷаро ёбед ва то даҳякӣ яклухт кунед (см²).
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Нархи 1 кг шакар 8,5 сомонӣ аст. 5 кг шакар сомонӣ, 18 кг сомонӣ, 50 кг сомонӣ ва 120 кг сомонӣ меистад.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Масофаи байни ду деҳа 16 км аст. Аз онҳо дар як вақт ба пешвози ҳам ду пиёда баромаданд: яке бо суръати 3,4 км/соат, дигаре бо суръати 4,6 км/соат. Онҳо пас аз соат вомехӯранд; пиёдаи якум км ва пиёдаи дуюм км роҳ мегузарад.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Зарбро иҷро кунед: 3,8945⋅144.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан