Тақсими касри даҳӣ ба адади натуралӣ
Ҳалли масъалаи 1. Аввал периметри квадратро бо сантиметр ифода менамоем: 6,64 м = 6,64 · 100 см = 664 см. Маълум мешавад, ки дарозии тарафи квадрат ба 664 : 4 = 166 см = 1,66 м будааст. Адади 1,66 натиҷаи тақсими касри 6,64 ба 4 номида мешавад. Агар 1,66-ро ба 4 зарб занем, 6,64 ҳосил мешавад:
Адади 1,66-ро бе гардонидани метр ба сантиметр низ ҳосил намудан мумкин аст:
Қадамҳоро бо тугмаи «Баъдӣ» бинед:
Масъалаи 2. Дар мағоза пораи маскаи массааш 2,760 кг боқӣ мондааст. Онро ба 8 ҳиссаи баробар ҷудо намудан лозим аст. Массаи ҳар як пора кадом ҳиссаи килограммро ташкил хоҳад дод?
Ҳал. Барои ҳалли масъала массаи маскаро бо граммҳо ифода намуда, адади ҳосилшударо ба 8 тақсим мекунем: 2,760 кг = 2,760 · 1 000 г = 2 760 г; 2 760 : 8 = 345. Азбаски 345 · 8 = 2 760 аст, пас 2,760 : 8 = 0,345 мешавад.