Соли таҳсил аз се боб иборат буд. Аввал бо барномаҳои системавӣ шинос шудем: системаҳои амалиётӣ, парвандаҳо, вирусҳо, бойгонӣ ва PDF. Баъд бо ҷадвали электронӣ Excel ҳисобу диаграммаҳо сохтем. Дар охир барои қайду интишор ду барномаи офисӣ – OneNote ва Publisher – омӯхтем.
Харитаи сол
Агар душвор аст… – ба дарси мувофиқ баргардед
| Агар ин душвор бошад… | Дарс |
|---|---|
| системаи амалиётӣ, парванда, ҷузвдон | Дарси 1 · Дарси 2 |
| MS DOS | Дарси 3 · Дарси 4 |
| Windows, Linux, macOS, Android, iOS | Дарси 5 · Дарси 7 · Дарси 9 · Дарси 10 |
| вирусҳо, ҳифз, бойгонӣ, PDF | Дарси 11 · Дарси 12 · Дарси 13 · Дарси 14 |
| катак, диапазон, формула | Дарси 17 · Дарси 19 · Дарси 20 |
| пуркунии худкор, суроғаи мутлақ | Дарси 21 |