Тег
Тег – дастуре дар OneNote, ки қайдҳоро танзим мекунад ва ҷузъҳои муҳимро ишора менамояд. Бо тегҳо хотиррасонии корҳои лозимӣ, бозгашти фаврӣ ба қайдҳои асосӣ ва гурӯҳбандии қайдҳо ва дараҷаи афзалияти онҳо (кадомаш пештар) осон мешавад.
Тегро чӣ тавр гузоштан мумкин аст? Тегро ба ҳама гуна маълумот – аз сатри алоҳида то сарсатри пурра – илова мекунанд:
- Курсорро ба ибтидои сатр гузоред.
- Дар банди «Асосӣ» аз рӯйхати «Тегҳо» нишонаи тегро пахш кунед.
Масалан, барои сатри корҳои ҳаррӯза тегҳои «Корҳо» (мураббаъча)-ро интихоб мекунед; пас аз иҷрои кор мураббаъчаро пахш мекунед ва дар он байрақча (✓) пайдо мешавад.
Рӯйхати корҳои рӯз метавонад чунин бошад:
- соати 17:20 харидани китоб дар мағозаи китобфурӯшӣ;
- аз 15:30 то 17:00 ташриф ба осорхонаи миллӣ;
- соати 18:30 ёрӣ ба хоҳару бародар дар вазифаи математика;
- аз 10:00 то 12:00 масъалаҳои тиҷорӣ дар ҷадвали электронӣ;
- аз 8:00 то 9:30 иштирок дар курси забони англисӣ;
- аз 13:00 то 14:30 иштирок дар олимпиадаи технологияи иттилоотӣ;
- фавран (дар вақти мувофиқ) ёфтани маълумот дар мавзуи «Ташкили давлати Сомониён»;
- соати 20:00 дақиқ кардани рақами нави телефони падар ва занг задан ба ӯ;
- соати 20:30 иваз кардани рамзи махфии почтаи электронӣ.