OneNote чист?
Одамон нақшаҳои кор ва дарсро менависанд: дар дафтари коғазӣ, дар телефон ё дар компютер. Барои осон кардани сабти қайдҳо ва нигоҳ доштани онҳо соли 2003 ширкати Microsoft барномаи OneNote-ро баровард.
Аз соли 2014 OneNote ройгон аст. Он дафтари қоғазии оддиро иваз карда метавонад, аммо имкониятҳояш хеле зиёдтар:
| Дафтари коғазӣ | OneNote |
|---|---|
| ҳамаро худатон менависед ва бо худ мебаред | қайдҳо дар як ҷо ва дар ҳар дастгоҳ дастрасанд |
| расм ва ҷадвалро ба дафтар часпондан лозим | расм, ҷадвал, садо ва видеоро ба саҳифа мегузоред |
| ҷустуҷӯ вақт мегирад | қайдро бо тег ва ҷустуҷӯ фавран меёбед |
Барномаи OneNote чӣ месозад?
Абр ва дастрасӣ аз ҳама ҷо
Қайдҳоро OneNote дар хадамоти абрӣ – дар серверҳои Microsoft – нигоҳ медорад. Аз ин рӯ онҳоро аз ҳар дастгоҳи бо интернет пайваст дидан мумкин аст. Агар қайдро дар мактаб бо планшет ё компютер навишта бошед, дар хона бо телефон онро кушода метавонед.
Таърихан OneNote бо платформаи Microsoft Tablet PC пайдо шуд, баъд ба Windows ва macOS омад.
Саҳифа – варақи холӣ
Майдони корӣ ба варақи холӣ монанд аст: матни қайд, расм, садо, видео, рамз, ҷадвал, формулаи математикӣ ва маълумоти аз браузер гирифташударо дар ҳар ҷой гузоштан мумкин.
Чор сатҳи сохтор
- Дафтари ёддошт метавонад як ё якчанд гурӯҳи бобҳо дошта бошад.
- Гурӯҳи бобҳо – чанд боб; дар Word ба ҷузвдон (папка) монанд аст.
- Боб – чанд саҳифа; дар Word ба санад (ҳуҷҷат) монанд аст.
- Саҳифа – ҷои қайдҳо.
Яъне OneNote ҳам ба мисли Word принсипи иерархиро истифода мебарад: ҷузвдонҳо, зерҷузвдонҳо ва парвандаҳо.