Парванда
Дар синфҳои поёнӣ шумо бо мафҳумҳои парванда ва ҷузвдон шинос шудед. Ҳоло бубинем, ки СА онҳоро чӣ тавр истифода мебарад.
Вазифаи асосии парванда (файл) – нигоҳ доштани иттилоот. Вале парванда иттилоотро аз як барнома ба барномаи дигар ва аз як система ба системаи дигар мефиристад. Он хазинаи оддии маълумот нест: ном, хосиятҳо (атрибутҳо), вақти эҷод ва вақти тағйирёбии худро низ ба қайд мегирад.
Мафҳуми парванда дар таърих
Дар СА-ҳои аввалини ҳисобкунакҳо парвандаро маҷмуи «навиштаҳо» (сабтҳо) медонистанд. Ҳар навишта одатан як андоза дошт – 80 аломат. Дар парвандаҳои калон вақти зиёд ба ҷустуҷӯ ва сабт сарф мешуд.
Охири солҳои 1960-ум тамоюли содагардонии СА-ҳо пайдо шуд. Он дар СА Unix ифода ёфт: парванда на маҷмуи навиштаҳо, балки пайдарпайии байтҳо шуд. Дигар лозим набуд, ки андозаи навиштаҳо ба ёд гирифта шавад, ва нигоҳ доштани маълумот дар дискҳо осон гашт. Қариб ҳамаи СА-ҳои компютерҳои фардӣ ин ғоярро қабул карданд.
Формат ва навъи парвандаҳо
Парвандаҳо дар хотира бо тартиби махсус нигоҳ дошта мешаванд – ин сохтори парвандаӣ аст (системаи нигаҳдории парвандаҳо, масалан дар винчестер).
Формати парванда – тарзи ташаккули байтии маълумот. Барои хондани парвандаи ҷадвал бояд донист, ки ададҳо, формулаҳо ва матнҳо чӣ тавр бо байтҳо навишта шудаанд. Барои парвандаи матнӣ бояд донист, ки кадом байтҳо аломатҳоро, кадомҳо шаклҳои ҳарфро ва кадомҳо ҳошияро тасвир мекунанд.
Ҳамаи парвандаҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:
Рамзбандӣ: ASCII ва Unicode
Парвандаҳои матниро бо ҷадвалҳои махсус рамзбандӣ мекунанд.
- ASCII (American Standard Code for Information Interchange) танҳо 128 рамзи аввалро (аз 0 то 127) истифода мебарад. Дар он танҳо ҳарфҳои лотинӣ, рақамҳо ва аломатҳои асосӣ ҳастанд.
- Барои алифбоҳои миллӣ ҷадвалҳои ҳаштбита (256 рамз) истифода мешаванд. Барои алифбои рус се ҷадвал маъмул буд: Koi8-R, Windows-1251 ва Alt (рамзбандии алтернативӣ).
- Баъзе забонҳо (масалан, хитоӣ) аз 256 аломат зиёд доранд. Барои онҳо якчанд байт лозим аст, ва аксар вақт Unicode истифода мешавад.
Ҳоло санадҳои матнӣ на танҳо ҳарфҳо, балки расму диаграммаҳо ва ҳатто садоро низ дар бар мегиранд. Барои ин форматҳои омехта (комбинатсионӣ) пайдо мешаванд.
Ҷузвдон
Ба ғайр аз ном, парванда хосиятҳои дигар низ дорад: ҳаҷм, сана, вақти сохта шудан. Ном ва хосиятҳои дигар дар ҷои махсуси диск ба қайд гирифта мешаванд – ин ҷузвдон (каталог, директория, папка) аст.
Агар номи парванда дар як ҷузвдон сабт шуда бошад, мегӯянд, ки парванда дар дохили он ҷузвдон ҷойгир аст. Барои нигоҳ доштани нусхаи парванда дар ҳамон ҷузвдон кофист, ки онро бо номи дигар сабт кунем.