Linux – системаи амалиётии озодсос
Linux – системаи амалиётии озодсос (кушода) ва чандкорбарӣ барои компютерҳои фардӣ. Он бо низоми шабакавии графикию равзанавии X Window System муҷаҳҳаз аст.
Linux дистрибутивҳои (вариантҳои) зиёд дорад: Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix, ALT Linux ва дигарон.
- Linux бо стандартҳои системаҳои кушода ва протоколҳои шабакаи интернет кор мекунад ва бо Unix, MS DOS ва Windows ҳамҷоя аст.
- Ҳамаи қисмҳои система (аз ҷумла матни рамзҳо) дар асоси иҷозатнома (литсензия) озодона нусхабардорӣ ва паҳн мешаванд ва дар миқдори дилхоҳи компютерҳо гузошта мешаванд. Бинобар ҳамин онро озодсос меноманд.
- Linux ройгон (бепул) аст ва тибқи иҷозатномаи умумии кушода – GNU – паҳн мешавад. Ҳар хоҳишманд онро дастрас карда метавонад.
Таърих
Linux дар ибтидои солҳои 1990-ум аз тарафи донишҷӯйи як донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) Линус Торвалдс сохта шуд. Он варианти Unix барои компютерҳои фардӣ буд. Unix солҳои зиёд дар мэйнфреймҳо, миникомпютерҳо ва истгоҳҳои корӣ СА-и асосӣ буд.
Бартариҳои Linux
Linux дар тиҷорат, маориф ва барномасозӣ истифода мешавад; дар шабакаҳои корпоративӣ, марказҳои интернет ва web-серверҳо СА-и ивазнашаванда аст.
Интерфейси графикии он метавонад KDE (K Desktop Environment) ё GNOME бошад. Дар онҳо корбар метавонад бо якчанд мизи корӣ якбора кор кунад.
Қисмҳои Linux
Дар бораи Linux гуфта, ҳамеша ягонагии чор қисмро дар назар доранд:
- Ядро (kernel) – дили СА; барномаҳои он бевосита сахтафзорро идора мекунанд.
- Қабат (shell) – интерфейси матнии корбар: фармонҳоро қабул мекунад ва ба ядро медиҳад. Онро танзим кардан мумкин аст; забони барномасозии махсус барои скриптҳо дорад.
- Сохтори парвандаӣ – дарахти ҷузвдонҳо. Номи парванда то 255 аломат; дар ном аломатҳои «/», «*», «?» набояд бошанд; Linux ҳарфи калон ва хурдро фарқ мекунад.
- Утилитҳо – барномаҳои (фармонҳои) стандартии Linux.
Корбар, ном ва рамзи махфӣ
Корбар – шахсе, ки ҳозир бо СА кор мекунад. Барномаҳои дар кор бударо равандҳо меноманд. Барои корбар шудан бояд маъмури система номи дохилшавӣ (login) ва рамзи махфӣ (password)-и шуморо сабт кунад. Ҳангоми дохилкунии рамз он дар экран намоён намешавад.
Худатон фармон нависед
Дар симулятор бо фармонҳои асосии Linux шинос шавед. Ҳеҷ чизи воқеӣ тағйир намеёбад.