Намудҳои диаграмма
Дар Excel диаграммаҳоро аз блоки Диаграммаҳо (Диаграммы) дар банди Гузоштан (Вставка) месозанд. Намудҳо: сутунӣ (гистограмма), хатӣ (график), давра, ҳалқа, ҳаҷмдор, соҳавӣ, нуқтавӣ, биржавӣ, дарахтшакл, омехта ва ғайра.
Намудро ба мақсад мувофиқ интихоб мекунанд:
- сутунӣ – ададҳои якчанд категорияро муқоиса кардан;
- хатӣ (график) – тағйирёбии бузургӣ бо мурури вақт;
- давра – ҳиссаи ҳар қисм аз як бутун (танҳо як қатор);
- нуқтавӣ – графики функсия (дарси оянда).
Ба қадамҳо
Excel дар равзанаи «Диаграммаҳои тавсияшуда» (Рекомендуемые диаграммы) намудҳои мувофиқро нишон медиҳад.