Бойгонисозӣ чист?
Барои баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи иттилоот нусхаи парвандаҳо ва ҷузвдонҳоро мунтазам бойгонӣ мекунанд. Бойгонисозӣ пеш аз ҳама вазифаи маъмури система аст, вале ҳар корбар низ онро иҷро карда метавонад. Агар парвандаро тасодуфан нест карда бошед, нусхаи бойгонишударо барқарор карда метавонед.
Дар парвандаи матнӣ қисмҳои такроршавандаи зиёд ҳаст. Бойгонисоз онҳоро меёбад, нишон мекунад ва бо тартиби муайян аз нав ҷобаҷо мекунад. Парвандаи натиҷавӣ аз асл хурдтар аст.
Кадом парвандаҳо хуб фишурда мешаванд?
- Матн – тақрибан ду маротиба (≈ 50 %).
- Расмҳои ғайриранга (bmp) – ду, чор ва ҳатто даҳ маротиба.
- Парвандаҳое, ки аллакай фишурда шудаанд (JPG, PNG, MP3, MP4, ZIP), қариб кӯтоҳ намешаванд.
Барномаҳои бойгонисоз алгоритмҳои гуногуни зичкуниро истифода мебаранд. Бештар вақте аз онҳо истифода мебаранд, ки парвандаҳои калонро ба воситаи флеш-корт ба компютери дигар мебаранд.