Вирус чист?
Вирус ба кори муътадили компютер дахолат мекунад, ноаён ба ноқилони иттилоот (дискҳо, флеш-кортҳо) ва парвандаҳои системавӣ ворид мешавад ва барномаҳову санадҳоро қисман ё пурра несту нобуд мекунад.
Соли 1986 аввалин вируси компютерҳои фардии IBM PC бо номи «Brain» пайдо шуд. Он ба воситаи диск аз як компютер ба дигаре мегузашт ва онҳоро «сироят» мекард. Пештар вирусҳо барои дигар мошинҳо ҳам буданд. Баъд сироят оммавӣ гашт.
Зарари вирусҳо гуногун аст: аз навиштаҷоти бегона дар экран то дуздӣ ва нобудсозии иттилоот. Вирусҳо сарҳадҳои давлатиро намешиносанд: онҳо дар чанд соат ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда метавонанд.
Чӣ тавр вирус ворид мешавад?
Вирусҳо ҳангоми кор бо почтаи электронӣ, бозиҳои компютерӣ, ҷустуҷӯ, зеркашӣ ва насби барномаҳои ройгон, ё дигар амалҳои маъмул ворид мешаванд.
Хосияти асосӣ: худафзоӣ
Вирус ҳар дафъа ҳангоми сирояткунӣ нусхаи худро зиёд мекунад ва ноаён ба парвандаҳо, хусусан ба «сектори боркунанда»-и диски системавӣ ворид мешавад. Барои ҳамин хосияти «худафзоӣ» онро «вирус» ном додаанд.
Агар вирус ба хотираи компютер расида бошад, дар лаҳзаи дилхоҳ фаъол мешавад. Фаъолшавӣ ба сабабҳое вобаста шуда метавонад: вақти муайян, рӯзи ҳафта, оғози барнома, кушодани парванда.
Ҳангоми оғози барномаи сироятёфта вирус зуд идораро ба худ мегирад. Баъд барномаву объектҳои навро меҷӯяд ва бо зиёд шудани нусхаҳояш онҳоро сироят мекунад. Баъд идораро ба барномаи аввал месупорад, гӯё ки он кори худро муқаррарӣ идома медиҳад. Корбар аксар вақт аз таҳдид бехабар мемонад.
Аз рӯйи дараҷаи хатар
Аз рӯйи ҷойгиршавӣ
- Вируси парвандаӣ ба парвандаҳои иҷроии «.exe» ё «.com» ворид мешавад ва бо оғози кори онҳо фаъол мегардад. Ҳимоя: профилактикаи давра ба давра, ноқилони шубҳаноки истифоданашаванда, санҷиш бо антивирус.
- Вируси боркунанда нусхаҳои худро дар сектори боркунандаи диски системавӣ ҷойгир мекунад. Ҳангоми оғози СА ба хотира меояд. Ҳимоя: аз CD-и системавии шубҳанок бор накардан.
- Макровирус парвандаҳои MS Office-ро сироят мекунад. Он ҳамчун макрос ба санад ворид шуда, кори онро душвор мекунад. Пас аз кушодани санади сироятёфта дар хотира «сайр» мекунад ва санадҳои дигарро низ сироят мекунад. Санад то тоза кардан сироятёфта мемонад. Ҳимоя: аз байн бурдани вирус.
- Вируси шабакавӣ тавассути шабакаҳо ва асосан почтаи электронӣ паҳн мешавад. Масалан, 5 майи соли 2000 миллионҳо корбар паёми «I LOVE YOU»-ро гирифтанд: он парвандаи вирусдор буд ва қисми иловагии номи парвандаҳоро дигар карда, системаи парвандаиро вайрон мекард. Ҳимоя: эҳтиёткорӣ.