Роҳҳои воридшавӣ
Яке аз роҳҳои асосӣ ва дастрас – шабакаи умумиҷаҳонии интернет. Эҳтимоли ворид шудани вирус зиёд аст, вақте ки шумо:
- ба манбаъҳои иттилоотии беэътимод ё вируснок дастрасӣ пайдо мекунед;
- парвандаҳоеро мекушоед, ки аллакай вирус доранд;
- ба вебсафҳаҳои шубҳанок ворид мешавед.
Хатарноктарин сарчашмаҳо:
- низомҳои интиқоли иттилоот дар шабака (шабакаҳои иҷтимоӣ, почтаи электронӣ);
- нармафзори аз дигарон гирифта ва дар компютер насбшуда;
- барандагони тасодуфии иттилоот (флешкорт, диск), ки парвандаҳоро аз як компютер ба дигаре мебаранд;
- барномаҳо ва маълумот, ки бо технологияҳои бесим (WiFi, Bluetooth, Shareit) мегузаранд.
Барномаи зиддивирусӣ
Антивирус аввал объектҳоро санҷида, вирусро меёбад, навъи онро муайян мекунад ва вобаста ба хатар ва ҷойгиршавӣ онро тоза ё нобуд мекунад.
Аввалин антивирусҳо охири солҳои 1980-ум пайдо шуданд: «AntiVir» ва «Dr. Solomon's Anti-Virus Toolkit» – соли 1988, «Symantec Antivirus for Macintosh» – соли 1989.
Садҳо навъи антивирус сохта шудаанд. Вале ҳар рӯз вирусҳои нав пайдо мешаванд, бинобар ин ягон антивирус кафолати нест кардани ҳамаи вирусҳоро намедиҳад. Барои ҳамин антивирусро пайваста навсозӣ кунед ва компютерро мунтазам санҷед.
Се навъи антивирус
Полифагҳо
Машҳуртарин навъ. Мисол: Norton AntiVirus, Doctor Web, Kaspersky Antivirus, Antivirus Toolkit Pro. Полифагҳо сектори боркунанда, хотираи фаврӣ, ҷузвдону парвандаҳоро месанҷанд ва вирусҳои маълумро меҷӯянд.
- Ҷустуҷӯ аз рӯйи ниқоб. Ниқоби вирус – рамзи барномавии он. Агар антивирус дар парванда рамзи вирусро ёбад, онро ҳамчун сироятёфта қайд мекунад.
- Сканкунии эвристикӣ. Барои вирусҳои нав ва номаълум антивирус пай дар пайи дастурҳои барномавиро таҳлил мекунад. Агар дастурҳои шубҳанок вохӯранд, парванда ҳамчун сироятёфта қайд мешавад.
Нозирон (ревизорҳо)
Мисол: «Adinf» (антивируси куҳна). Нозир суммаи назоратӣ-и ҳар парвандаро дар махзани маълумот нигоҳ медорад. Ҳангоми оғози компютер суммаи ҳозираро бо сабтшуда муқоиса мекунад. Агар аз ҳам фарқ кунад, парванда ҳамчун тағйирёфта ё сироятёфта қайд мешавад. Баъзан тағйири қонунӣ (шумо худатон санадро таҳрир кардед) низ ҳушдор медиҳад.
Муҳосирачиён (блокаторҳо)
Муҳосирачӣ вазъи хатарнокро пай мебарад, амали хатарнокро қатъ мекунад ва ба корбар хабар медиҳад. Мисол: сабти бегона ба сектори боркунандаи диски системавӣ. Дар замонҳои куҳна барои он дар «BIOS Setup» навиштани сектори боркунандаро манъ мекарданд.