PDF чист?
Яке аз роҳҳои баланд бардоштани эътимоднокӣ – нусхаи санадҳоро дар формати PDF нигоҳ доштан. PDF – аз «portable document format» – «формати кушодаи байниплатформавии санадҳои электронӣ» (формати санадҳои интиқолӣ).
- Формат аз имкониятҳои забони PostScript истифода мекунад ва аз ҷониби ширкати Adobe Systems барои пешниҳоди маҳсулоти нашриявӣ дар шакли электронӣ сохта шудааст (идеяаш – соли 1992, нахустин Acrobat – соли 1993).
- Он матнро, тасвирҳои векторӣ ва растрӣ, шаклҳои геометрӣ ва замимаҳои чандрасонаиро нигоҳ медорад.
- Он моделҳои рангҳои RGB (барои экран), CMYK (барои чоп) ва Grayscale (сиёҳ ва хокистарӣ) ва якчанд усули фишурдани тасвири растриро дастгирӣ мекунад.
- Барои ҳифзи асолат механизми имзои электронӣ дорад.
Acrobat ва Reader
Соли 1993 Adobe барои сохтан, дидан ва таҳрири санадҳои PDF дастаи барномаҳои Adobe Acrobat-ро баровард. Барои кушодан ва дидани онҳо барномаҳои дигар низ пайдо шуданд, аз ҷумла Adobe Reader, ки ройгон паҳн мешавад (аммо матни рамзаш кушода нест).
Имкониятҳои хонандаи PDF:
- ҳифзи худкор ва истифодаи рамзи махфӣ барои маҳдуд кардани дастрасӣ, тағйир ва чоп;
- гузоштани имзои электронӣ (барномаи Acrobat SelfSign) ва ҷустуҷӯи фаврӣ дар парвандаҳо (барномаи Acrobat Search); назорати динамикии парвандаҳо;
- дастрасии осони иқтибосҳо аз рӯйи ному насаби муаллиф, санаи рӯз ё рақами саҳифа;
- сабти қайдҳо ва тавзеҳот дар санад, чопи санад бо қайдҳо;
- қиёси матни ду ва зиёда санад.
Аз акс ба матн: шинохти матн
Сканер матни коғазиро ба компютер ҳамчун расм меорад. Он таҳрирнопазир аст: фақат барои хондан аст. Барои табдил ба матни таҳриршаванда барномаи шинохти матн (OCR) лозим аст, масалан ABBYY FineReader (барои расмҳои сканершуда ва PDF → Word, Excel, PowerPoint, RTF, HTML, PDF/A ва ғайра).
- Сканеронӣ – ворид кардани санад аз коғаз бо сканер.
- Сегментатсия – тасвири сканершударо коркард мекунанд: матнро аз расм ҷудо ва ба қисмҳо тақсим мекунанд.
- Шинохт ва баргардони матн – аз шакли графикӣ ба шакли матнӣ.
- Санҷиши имло ва таҳрир – барнома матнро мехонад, дурустии онро месанҷад, ҷойҳои шубҳаноки матнро бо ранги махсус ҷудо мекунад ва шумо онҳоро ислоҳ мекунед.
- Сабти натиҷа – дар формати яке аз барномаҳои MS Office.
Рақиби асосии FineReader – CuneiForm: ҳуруфи аслии матнро нигоҳ медорад, матнро аз рӯйи нур (оптикӣ) мешиносад менюи якчанд забон дорад, матни тасвириро ба шакли мукаммали матнӣ меоварад ва бо ҳама гуна СА кор мекунад.