Интерфейс мисли дигар барномаҳои Office
Интерфейси Publisher дар услуби ҳамаи замимаҳои Office сохта шудааст: равзанаи графикӣ, меню, тасма, блокҳои тасма, майдони корӣ, равзанаҳои муколама, лавҳаи ҳолатнамо. Қолабҳо бо услуби Word ва PowerPoint мувофиқат мекунанд; афзорҳои OfficeArt (таъсири шаффофӣ, фазоӣ) низ мавҷуданд. Танзими равзана ва тасма мисли дигар барномаҳои Office анҷом мешавад.
Матн – объекти алоҳида
Дар Word матн дар саҳифа аст; дар Publisher матн объекти алоҳида – майдони матнӣ аст: Асосӣ (ё Гузоштан) → Иловакунии навиштаҷот.
| Андоза | мм |
|---|---|
| A5 | 148 × 210 |
| A4 | 210 × 297 |
| A3 | 297 × 420 |
Форматбандии матн мисли Word: ҳуруф, андоза, ранг, радифсозӣ; фарқ танҳо ин аст, ки дар дохили чорчӯбаи майдон иҷро мешавад. Тоб додан, ҷойгузин кардан ва тағйири андозаро бо ҳудудҳои чорчӯба (даста) мекунед.
Нигаҳдорӣ, буфер, чоп
- Нигаҳдорӣ: Парванда → Нигаҳдорӣ ҳамчун, Парванда → Нигаҳдорӣ, ё Ctrl + S. Номи иловагии парванда – .pub; дигар форматҳо ҳам мумкин.
- Буфери мубодила: то 24 порча аз санадҳои Office нигоҳ медорад; онҳоро ба интишор мегузоранд ё ба веб-саҳифа насб мекунанд ва баръакс.
- Чоп: пешдид ва чоп: Парванда → Чоп ё Ctrl + P.
- Расм ва шаклҳо: Асосӣ → блоки «Объектҳо» → Расмҳо ва Шаклҳо.
- Имло ва луғат: Тақриз → Имло, Луғатҳо, Тезаурус (луғати калимаҳои ҳамаъно – синонимҳо), Забон, Тарҷума.
- Абаристинод (гиперпайванд): Гузоштан → Абаристинод; пайванд ба сомона, парванда, ҷойи дигари интишор ё почтаи электронӣ; ҳамчунин афзори «Хатчӯб» (Закладка) дар блоки «Истинодҳо»-и банди «Гузоштан». Ҳар матн, расм ё объект метавонад истинод бошад.