Панҷ қисми MS DOS
Пеш аз кор бояд қисматҳои асосии СА-ро донист:
- Барномаи оғозкунанда. Вазифааш – парвандаҳои
Io.sysваMsdos.sys-ро аз хотираи беруна ба хотираи фаврӣ хондан. - Парвандаҳои
Io.sysваMsdos.sys. Барномаҳои асосии MS DOS дар онҳо нигоҳ дошта мешаванд ва дар ҷузвдони решавии диски системавӣ ҷойгиранд. - Барномаи
Command.com. Ин протсессори амрӣ – иҷрочии дастурҳои корбар. - Утилитҳои система. Барномаҳои махсус барои иҷрои дастурҳои берунӣ.
- Драйверҳои қисмҳои компютер. Барномаҳое, ки кори як сахтафзорро идора мекунанд. Номи драйверҳо дар парвандаи
Config.sysсабт мешавад.
Драйвер ва барномаи резидентӣ
Драйверҳо ва барномаҳои резидентӣ имкониятҳои DOS-ро зиёд мекунанд. Онҳо корҳоеро мекунанд, ки система бевосита карда наметавонад.
- Драйвер барои пайваст кардани таҷҳизоти нав ё истифодаи ғайристандартии таҷҳизоти мавҷуд. Масалан,
himem.sysхотираи фавриро пурратар истифода мебарад ваkeybrd2.sysдохил кардани ҳарфҳои русиро аз сафҳакалид имконпазир месозад. - Барномаи резидентӣ – барнома, ки пас аз анҷоми кораш низ қисман ё пурра дар хотираи фаврӣ мемонад. Масалан, қабати Norton Commander.
Тартиби оғози кори MS DOS
Агар СА аз диски чандирӣ бор шавад, дискро ба дискдони якум (A:) мегузоранд ва Power-ро пахш мекунанд. Агар аз винчестер бор шавад, пахши Power кофист.
- Пас аз Power BIOS қисмҳои компютерро месанҷад.
- BIOS ба диски системавӣ муроҷиат мекунад, барномаи оғозкунанда-ро меёбад ва идораро ба он месупорад.
- Барномаи оғозкунанда
Io.sysваMsdos.sys-ро ба хотираи фаврӣ мебарад.Io.sysBIOS-ро пурра мекунад,Msdos.sysамалҳои сатҳи баландро иҷро мекунад. (Дар PC DOS онҳоIbmbio.comваIbmdos.comном доранд.) - Аз ҷузвдони решавӣ
Config.sysхонда мешавад: драйверҳо дар он сабт шудаанд. Масалан,ramdrive.sysимкон медиҳад, ки бо «диски электронӣ» – қисми хотираи фаврӣ – кор кунед. Command.comба хотираи фаврӣ мебарояд ва идора ба он мегузарад.Command.comAutoexec.bat-ро меёбад ва дастурҳои онро бо навбат иҷро мекунад.- Дар сатри амрӣ даъватнома пайдо мешавад – компютер барои қабули дастурҳо тайёр аст.
Дастурҳо тавассути сафҳакалид дар сатри амрӣ пайдо мешаванд ва пас аз Enter иҷро мегарданд.