Сохти функсия
Аргументҳо дар қавс навишта шуда, бо аломати нуқта-вергул «;» ҷудо мешаванд. Ба ҷойи аргумент ададҳо, суроғаи катакҳо, диапазон ва ифодаи дилхоҳ меояд.
Функсияҳои стандартӣ ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: математикӣ, молиявӣ, оморӣ, мантиқӣ ва ғайра.
Интихоби функсия: Моҳири функсиясоз
- Катакро ҷудо кунед ва дар сатри формулаҳо тугмаи fx (Вставка функции – Insert Function)-ро пахш кунед.
- Дар майдони Категория (Категория) категорияро интихоб кунед.
- Дар майдони Интихоби функсия (Выберите функцию) функсияро интихоб кунед.
- Дар майдонҳои аргумент адад ё диапазонро нависед.
- OK-ро пахш кунед.
Мисол: барои категорияи «Математикӣ» ва функсияи COS-ро интихоб кунед, дар майдони «Адад» 0,25 нависед. Натиҷа: (кунҷ бо радиан).
Се функсияи маъмули оморӣ:
- СРЗНАЧ (AVERAGE) – миёнаи арифметикӣ;
- МАКС (MAX) – калонтарин адад;
- МИН (MIN) – хурдтарин адад.