Пирамидаи мунтазам
Маркази секунҷаи баробартараф — нуқтаи буриши медианаҳо, маркази квадрат — нуқтаи буриши диагоналҳо. Умуман, маркази асоси пирамидаи мунтазам маркази давраи дарункашида ва берункашидаи асос аст. Дар расми 1 пирамидаҳои мунтазами секунҷа, чоркунҷа ва шашкунҷа тасвир шудаанд; — маркази асос, — баландӣ.
Пирамидаи секунҷаи мунтазам дар ҳолате, ки ҳамаи шаш теғааш (асос ва паҳлуӣ) баробаранд, тетраэдри мутлақо мунтазам ном дорад; бо он дар 14 · 1/2 шинос мешавем.
Исботи хосияти 1. Пирамидаи мунтазами -кунҷаи дода шудааст, — маркази асос (расми 2).