Пирамидаи сарбурида
Ду рӯяе, ки дар ҳамвориҳои параллел мехобанд, асосҳо мебошанд: аз теоремаи гузашта онҳо бисёркунҷаҳои монанд бо тарафҳои мувофиқи параллеланд. Буриш — асоси хурд. Рӯяҳои дигар — рӯяҳои паҳлуӣ ва онҳо трапетсияанд: тарафҳои мувофиқи асосҳо параллеланд ва тарафҳои паҳлуӣ (қисмҳои теғаҳои паҳлуии пирамида) дар қулла мебуранд. Порчаи ба ҳамвориҳои асосҳо перпендикуляр баландӣ аст (расми 1).