Пирамида
Нуқтаи додашуда — қуллаи асосӣ, бисёркунҷаи ҳамвор — асоси пирамида (расми 1). Қуллаи асосӣ ва қуллаҳои асос — қуллаҳои пирамида (баъд аз ин «қулла» — қуллаи асосӣ, агар ғайра гуфта нашавад).
- Сатҳи пирамида аз асос ва рӯяҳои паҳлуӣ — секунҷаҳо иборат аст.
- Порчаҳое, ки қуллаи асосиро ба қуллаҳои асос мепайванданд — теғаҳои паҳлуӣ; тарафҳои асос — теғаҳои асос.
- Перпендикуляре, ки аз қулла ба ҳамвории асос фуроварда мешавад, баландии пирамида аст ( дар расми 1; — пояи баландӣ).
- Пирамида -кунҷа номида мешавад, агар асосаш -кунҷа бошад.
Аҳромҳои Мисри қадим, ки оромгоҳи фиръавнҳо буданд, ва бурҷҳо мисоли пирамидаанд.
Тетраэдр
Пирамидаи секунҷаро тетраэдр ҳам мегӯянд (аз калимаҳои юнонии «тетра» — чор ва «ҳедра» — рӯя). Тетраэдр 4 рӯя, 6 теға ва 4 қулла дорад (расми 2). Рӯяи дилхоҳи тетраэдрро ҳамчун асос гирифтан мумкин аст.
Агар асоси пирамида бисёркунҷаи барҷаста бошад, пирамида бисёррӯяи барҷаста аст, ва барои он формулаи Эйлер дуруст аст. Масалан, пирамидаи -кунҷа: Қ Р Т ва