Системаи ҳисоб
Тарзи номгузорӣ ва навишти ададро системаи ҳисоб меноманд. Системаи шиноси мо — системаи даҳии ҳисоб аст. Барои навишти ададҳо дар он танҳо даҳ рақам истифода мешавад: Ҳар як рақам аз ҷойи ишғолкардааш (мавқеъ) вобаста қимат дорад. Чунин системаро мавқеӣ меноманд.
Дар навишти даҳии адад ҳар як разряди минбаъда аз пештара 10 маротиба калон аст. Ҳамаи разрядҳои номбурда дараҷаҳои адади 10 мебошанд: