Мо суммаро ба ҳосили зарби ду адади бутун табдил додем, ки яке аз онҳо 27⋅3 аст (81=27⋅3). Пас сумма ба 27 тақсим мешавад, яъне каратии 27 аст.
Ҳисоб бо аз қавс баровардан. Баъзан ҳисоб бо ин усул хеле осон мешавад: 83⋅17−83⋅7=83⋅(17−7)=83⋅10=830.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Муодиларо ҳал кунед:
а) x2+2x=0;
б) 3x2−x=0;
в) 4x2=x;
г) 6y2−24y=0;
ғ) 5y2−6y=0;
д) 7y2=42y;
е) 0,25z2+z=0;
ё) 0,1t2=0,5t;
ж) 0,04c2=6,4c.
2. Решаи муодиларо ёбед:
а) 8x2+3x=0;
б) y2−2,5y=0;
в) 6z2−4,8z=0;
г) 0,6a2−6a=0;
ғ) 5b2−0,2b=0;
д) 6c2−5,4c=0;
е) 0,8p−p2=0;
ё) −q2=q;
ж) −2,4t2=5,76t.
3. Қимати ифодаро ёбед:
а) 2,25x−x2, ҳангоми x=1,5 будан;
б) a2x2+a3, ҳангоми a=4 ва x=−2,5 будан.
4. Исбот кунед, ки қимати ифодаи:
а) 183+182 ба 19;
б) 426−425 ба 41;
в) 252−59 ба 20;
г) 516−257 ба 120 тақсим мешавад.
5. Ба ҳосили зарб табдил диҳед:
а) 2a(3x−2)−3b(2−3x);
б) (2x−1)2−2b(2x−1);
в) 5p(p−2)2−(p−2);
г) −3q(3−q)3+(3−q)2.
6. Ба зарбшавандаҳо ҷудо кунед:
а) (a2−3)−b(a2−3);
б) 7(c+2)+(c+2)2;
в) (x−y)2−3(y−x);
г) −(2x−3y)−4(2x−3y)2.
Дар хона
7. Исбот кунед, ки қимати ифодаи:
а) 48−47+46 ба 13;
б) 310−38−36 ба 71;
в) 273−92+36 ба 753;
г) 644−86+215 ба 505 каратӣ баробар аст.
Такрор
8. Аз баробарӣ номаълумро ёбед:
а) 2x−3+33x−3=5;
б) 56−x+43x−5=3.
9. Суммаи чор адад 40 аст. Адади дуюм аз якум 2 воҳид, адади сеюм аз дуюм 6 воҳид ва адади чорум аз сеюм 18 воҳид калон аст. Ин ададҳоро ёбед.
10. Ҳисоб кунед:
а) 49⋅3442⋅136−27⋅436⋅9;
б) 16⋅1264⋅84+32⋅21128⋅441
11. Муодиларо ҳал кунед:
а) 2(x−4)(x−4)=x−4;
б) −(x+3)−6(x+3)=−3−x.
12. Яке аз тарафҳои секунҷа аз тарафи дигараш 4 см кӯтоҳ буда, аз тарафи сеюм 2 маротиба дароз аст. Тарафҳои секунҷаро ёбед, агар периметри он 44 см бошад.
13. Мошини боркаш аз маҳали A бо суръати 60 км/соат равон шуд. Пас аз 2 соат аз дунболи вай мошини сабукрав ба роҳ баромада, бо суръати 90 км/соат ҳаракат кард. Дар кадом масофа аз A мошини сабукрав ба мошини боркаш мерасад?