Ишораҳои ҳозиразамони arcsinx ва arccosx дар соли 1772 дар асарҳои математик аз Вена Шерфер ва олими франсавӣ Ж. Лагранж пайдо шуд. «Арк» аз калимаи лотинии arc — «камон» меояд: arcsinx — камоне (кунҷе), ки синусаш x аст. Дар асри XVIII Леонард Эйлер (1707–1783) тригонометрияро ба намуди имрӯза овард: функсияҳоро барои кунҷи дилхоҳ муайян кард ва дар давраи воҳид ҳисоб кард. Дар асри XV Ғиёсиддин ал-Кошӣ барои ҳисоби муодилаи -ро тарзи итератсионӣ ҳал кард. Муҳаммад ал-Хуҷандӣ, риёзидон ва ситорашиноси тоҷик, дар охири асри X дар расадхонаи шаҳри Рай кор мекард ва секстанти калон сохт.