Ҳадафҳои фасл
Дар охири фасли 2.5 шумо бояд:
Донед:
- таърифи ададҳои байни ҳам чаппаро;
- қоидаи тақсими касрҳои одиро.
Тавонед:
- адади бутун ва касри одиро ба касри одӣ (аз ҷумла адади омехта) тақсим кунед ва амалҳои худро дар заминаи масъалаҳои математикӣ ва ҳолатҳои воқеӣ шарҳ диҳед;
- бо истифода аз расмҳо ва маводи мавҷуда алоқамандӣ ва фарқи байни тақсим ба адади бутун ва тақсим ба касрро шарҳ диҳед.
Фаҳмед, ки:
- барои тақсим кардани касрҳои одӣ касри якумро ба чаппаи касри дуюм зарб задан лозим аст;
- натиҷаи тақсим ба касри дуруст аз тақсимшаванда калон аст.
Худро арзёбӣ кунед. Дар дафтар ҳар як ҳадафро бо аломатҳо ишора кунед: + (ҳамаашро медонам), ± (қисман), – (ҳоло не).
Кор дар синф
Машқҳо
★ Барои ҳавасмандон
1. Доир ба амалҳои зерин масъала тартиб диҳед:
- а)
- б)