Ҳадафҳои фасл
Дар охири фасли 2.4 шумо бояд:
Донед:
- барои ёфтани ҳиссаи каср онҳоро бояд зарб зад;
- қоидаи зарби касрҳои одиро;
- қоидаи зарби ададҳои омехтаро.
Тавонед:
- байни ёфтани ҳиссаи каср ва ҳиссаи бутун алоқа барқарор кунед;
- касрро ба касри дигар (адади омехта) зарб занед ва амалҳои худро дар заминаи масъалаҳои математикӣ ва ҳолатҳои воқеӣ фаҳмонед;
- аз расмҳо ва маводи мавҷуда истифода бурда, зарби касрро ба касри дигар фаҳмонед ва нишон диҳед.
Фаҳмед, ки:
- зарби каср ба каср — ин ёфтани ҳиссаи каср аст;
- ҳосили зарби касрҳои дуруст аз ҳар як зарбшаванда хурд аст.
Худро арзёбӣ кунед. Дар дафтар ҳар як ҳадафро бо аломатҳо ишора кунед: + (ҳамаашро медонам), ± (қисман), – (ҳоло не).
Кор дар синф
Машқҳо
★ Барои ҳавасмандон
Ёдрас: 1% ин ҳиссаи адад аст, 15% — ҳиссаи адад.